«Паёми Пешвои муаззами миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзӯи «Паёми Пешвои муаззами миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он» Конфронси ҷумҳурияавии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдулҳаким Розиқзода, олимон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар оғози конфронс иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ мебошад, ки дар он тамоми ҷанбаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ шудаанд. Таҳлил ва дастуру супоришҳои дар Паём зикр намудаи Пешвои миллат роҳи тамоми шаҳрвандону ҷавонони мамлакатро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи давлатдорӣ равшан менамояд. «Бояд зикр намуд, ки мақсади ироаи Паём. пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ҳар сокини ин мамлакат вазифаи худро аз ин Паёми Сарвари давлат дарёбад ва барои давлатсозиву давлатдорӣ онро ба таври аниқу дақиқ дар амал татбиқ намояд. Конфронси имрӯза бо мақсаде доир мегардад, ки ҷанбаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат аз лиҳози назариявӣ таҳқиқ ва аз лиҳози амалӣ асоснок карда шаванд»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ баён намуд, ки «бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ин ҷашни бузург ва ҷиҳати татбиқ ва иҷро намудани нуктаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, ободкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон идома доранд».
Ба зикри мавсуф, дар Паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат ба соҳаи иҷтимоӣ ва рушди неруи инсонӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. «Дар Паёми имсола аз ҷониби Сарвари давлат дар партави озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман!» дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчӣ бештар рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни навбатӣ зери унвони «Илм- фурӯғи маърифат» байни хонандагон, донишҷӯён, магистрону аспирантон, омӯзгорону олимон гузаронида шавад. Итминон аз он дорем, ки баргузор намудани чунин озмунҳо ба дарёфти истеъдодҳои нав, нобиғаҳо ва шахсони навовару эҷодкор мусоидат мекунад»,- афзуд Латофат Назирӣ.
Ба зикри ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад Паёми имсолаи Пешвои миллат барои ҷавонон шаҳодатномае мебошад, ки барои рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеа аҳамияти хосса дорад.
Дар Паёми имсола нуктаҳои стратегие ҳастанд, ки танҳо як солро дар бар намегиранд. Он барои дурнамои минбаъдаи рушду инкишофи ҷомеаи мо мебошад.
«Таърихи миллати мо шоҳиди ҳодиса ва рўйдодҳои мухталифу аҷибе будааст, бинобар ин бояд гуфт, ки имрўз камтар кишвареро ҳамчун Тоҷикистон пайдо намудан мумкин аст, ки барои рушду таҳкими истиқлол ва худшиносии миллӣ чунин сарвари сиёсии тавоноро мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсати бузург оварда бошад»,- изҳор намуд А. Муҳаммад.








Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






