Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Рефик Шабановичро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрик намуда, иброз дошт, ки «умедворам фаъолияти Шумо ба симмати Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар хидмат хоҳад кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи барқарор ва рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аврупоӣ, ки давлати Хорватия дар байни онҳо мақоми хосса дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд».
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариш ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати дорои манфиатҳои муштарак, аз ҷумла муштараки сиёсӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки иқтидори бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, имкон медиҳад, то дар ин самт фаъолиятамонро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъдаи худ муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ такони тоза бахшем.
Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳарду кишвар ва ҳам аз ҳамкории афзалиятноки мо бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
Махсусан робита дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу иттилоот, бехатарии экологӣ зербиное мебошанд, ки барои ба роҳ мондану густариш додани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим шароити мусоид фароҳам меоранд.
Раиси Парлумони касбии мамлакат роҷеъ ба масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсис қарор дорад ва баъди тасдиқ ёфтани ин гурӯҳи байнипарламентӣ ҳамкорони хорватии мо огоҳ карда мешаванд.
Таъсис додани гурӯҳи мазкур ба фоидаи ҳарду ҷониб буда, ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонии мо хизмат хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамчунин аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






