Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

Февраль 22, 2021 16:00

ДУШАНБЕ 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Рефик Шабановичро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрик намуда, иброз дошт, ки «умедворам фаъолияти Шумо ба симмати Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар хидмат хоҳад кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи барқарор ва рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аврупоӣ, ки давлати Хорватия дар байни онҳо мақоми хосса дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд».

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон   ба густариш ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати дорои манфиатҳои муштарак, аз ҷумла муштараки сиёсӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки иқтидори бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, имкон медиҳад, то дар ин самт фаъолиятамонро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъдаи худ муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ такони тоза бахшем.

Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳарду кишвар ва ҳам аз ҳамкории афзалиятноки  мо бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд.

Махсусан робита дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу иттилоот, бехатарии экологӣ зербиное мебошанд, ки барои ба роҳ мондану густариш додани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим шароити мусоид фароҳам меоранд.

Раиси Парлумони касбии мамлакат роҷеъ ба масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсис қарор дорад ва баъди тасдиқ ёфтани ин гурӯҳи байнипарламентӣ ҳамкорони хорватии мо огоҳ карда мешаванд.

Таъсис додани гурӯҳи мазкур ба фоидаи ҳарду ҷониб  буда, ҷиҳати   рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонии мо хизмат хоҳад кард.

Дар мулоқот ҳамчунин аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Февраль 22, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид