Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Илёс Идрисзода бо Котиби масъули АП СААД Сергей Поспелов мулоқот намуд

Февраль 9, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода Котиби масъули Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) Сергей Поспеловро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД-ро, ки баргузории он тибқи нақшаи тасдиқгардидаи АП СААД барои соли 2021 шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд.

Зикр гардид, ки имсол Тоҷикистон ваколатҳои раёсат дар СААД-ро аз Федератсияи Россия қабул намуд. Ба ин муносибат дар доираи раёсат дар СААД соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидани якчанд чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД дар назар дошта шудааст.

Баргузории ҷаласаи мазкур идомаи мантиқии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ба ҳисоб меравад.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки имсол вазъи эпидемиологӣ дар ҳамаи кишварҳои иштирокчии СААД муътадил гардида, барои дар шакли муқаррарӣ гузаронидани чорабинии мазкур имкон фароҳам меояд.

Февраль 9, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ