Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар якчанд муассисаи тиббӣ санҷиш гузаронид
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд муассисаҳои тиббӣ санҷиш гузаронид, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорат.
Муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва Шодихон Ҷамшед аз беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии «Шифобахш»-и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон боздид намуданд.
Масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бартараф кардани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, фаъол гардонидани корҳо оид ба сабзазоркунии ҳудуди иншоот ва ғайра бо роҳбарони ин муассисаҳои тиббӣ муҳокима шуданд.
Муовинони вазир инчунин бо ҷараёни табобати як гурӯҳ беморон шинос шуданд.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






