Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар якчанд муассисаи тиббӣ санҷиш гузаронид

Февраль 10, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд муассисаҳои тиббӣ санҷиш гузаронид, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва Шодихон Ҷамшед аз беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии «Шифобахш»-и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон боздид намуданд.

Масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бартараф кардани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, фаъол гардонидани корҳо оид ба сабзазоркунии ҳудуди иншоот ва ғайра бо роҳбарони ин муассисаҳои тиббӣ муҳокима шуданд.

Муовинони вазир инчунин бо ҷараёни табобати як гурӯҳ беморон шинос шуданд.

Февраль 10, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад