Рустам Назарзода: Моҳи августи соли 2021 системаи нави огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез ба истифода дода мешавад

Февраль 11, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод  дар мавриди такмили системаи огоҳии барвақтӣ ва мониторинги кӯли Сарез ва хадамоти зиддижолаи Кумита иброз намуд, ки  соли 2004 дар кӯли Сарез системаи мониторинг ва огоҳии барвақтӣ насб шуда буд. Ин система ниёз ба такмил пайдо кард.

«Бо назардошти ин ва зарурати такмил, беҳтар намудан ва васеъ кардани системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ мешавад, моҳи сентябри соли 2020  интихоби ширкаткунандагон ба анҷом расид ва 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез имзо шуд. Қарор аст моҳи августи соли 2021 системаи нав ба истифода дода шавад”,-гуфт Рустам Назарзода.

Мавсуф иброз дошт, ки система аз ҷониби ширкати итолёвии «САЕ», ки яке аз пешгомони ҷаҳонӣ дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал мебошад, амалӣ карда мешавад. Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад. Дар айни замон системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст. Ғайр аз ин бо мақсади навсозии бинои Хадамоти зиддижола дар шаҳри Ҳисор ва беҳтар кардани пойгоҳи моддӣ-техникии Хадамоти зиддижолаи Кумита соли 2020 корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд ва дар мавриди харидани Радиолакатори доплерии ҳавошиносии насли нави ДМРЛ-С тасмим гирифта шуд. Ин радар қабул ва расонидани маълумоти амалиётиро дар ҳудуди 250 км таъмин менамояд. Ба кор андохтани Радари ҳавосанҷӣ барои муайян кардани падидаҳои метеорологӣ моҳи марти соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ татбиқи вазифаҳои зерин- андешидани тадбирҳои зарурӣ барои татбиқи минбаъдаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2010-2020», густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориҳо барои татбиқи Нақшаи «Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», сохтмони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон ва Маркази миллии ҳолатҳои буҳронии Кумитаро ба роҳ мондааст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита барои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик, намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалӣ ва дигар созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва амалӣ меандешад.

Сарфи назар аз вазъи бавуҷудомада дар робита бо ҳамагирии КОВИД-19 роҳбарияти Кумита бо роҳбарон ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ 56 мулоқот (соли 2019 — 51) доир намуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.

Соли 2020 роҳбарон ва кормандони Кумита бо мақсади густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин баланд бардоштани малакаҳои касбӣ дар якчанд барномаҳои байналмилалӣ дар низоми видеоконфронс ширкат намуданд.

Февраль 11, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?