СҒК СММ: Кишварҳои Осиёи Марказӣ чорводории ба иқлим безарарро рушд медиҳанд

Февраль 18, 2021 12:24

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони СҒК ба кишоварзони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар самти гузариш ба истеҳсоли гӯшти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, шир ва пашм, аз ҷумла бо роҳи  коҳиши партовҳои зарарнок кумак мерасонанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Хадамоти ахбори СММ иттило додааст.

Лоиҳаи Созмони ғизоӣ ва кишоварзии (СҒК) Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкории зич бо олимоне, ки дастурҳо оид ба татбиқи амалияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар бахши боғпарварӣ таҳия кардаанд, ба кор шурӯъ кард.

«Таҳқиқот унсури муҳими лоиҳа буд; дар якҷоягӣ бо донишгоҳҳо, мо усулҳо ва таҷрибаи (пешбурди кишоварзиро) дар маҳалҳо ҳамаҷониба омӯхтем ва инчунин бо шарикон тавассути иртиботи онлайн ва се мулоқоти рӯ ба рӯ дар ҳар як кишвар машварат кардем”, — гуфт Юрий Нестеров, мутахассиси СҒК оид ба рушди босуботи чорвопарварӣ Юрий Нестеров.

Пас аз хатми таҳқиқот, дар Бишкек конфронси ниҳоӣ баргузор гардид, ки дар он маърӯзаҳо бо тавсияҳо пешниҳод карда шуданд. Ин дастурҳо барои тамсили равандҳои биофизикӣ ва чорабиниҳои гуногун дар тамоми силсилаи истеҳсоли чорвопарварӣ пешбинӣ шудаанд.

Номи расмии лоиҳа — «Муайян кардани роҳҳои рушди камкарбон ва тобовар ба иқлим дар кори парвариши ҳайвоноти хоянда дар кишварҳои алоҳидаидаи Осиёи Марказӣ мебошад”.

ДАР АКС: говҳо дар канори яке аз деҳаҳо дар Осиёи Марказӣ. АКСИ Бонки умумиҷаҳонӣ

Февраль 18, 2021 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид