Сабти ном намудани «Спутник V» то 25 феврал дар 25 кишвар ба нақша гирифта шудааст

Февраль 8, 2021 11:59

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди сармоягузории мустақими Россия (БСМР) интизор дорад, ки ваксинаи русии «Спутник V» то охири ҳафтаи оянда дар 25 кишвар сабти ном хоҳад шуд. Дар ин бора роҳбари бунёд Кирилл Дмитриев дар барномаи «Вести недели» дар шабакаи телевизионии «Россия-1» изҳор доштааст, хабар додааст ТАСС 7 феврал.

«То охири ҳафтаи оянда мо интизор дорем, ки 25 танзимкунанда аз 25 кишвар ваксинаи мо- «Спутник V»-ро тасдиқ мекунанд», — гуфтааст Кирилл Дмитриев.

Ваксинаи «Спутник V»-ро Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалея коркард намудааст. Он ба категорияи доруҳои нодири табобатӣ тааллуқ дорад, ки бо роҳи биотехнологӣ ҳосил шудааст.

Вазорати тандурустии Россия доруи мазкурро моҳи августи соли 2020 сабт намуд. Амалан пас аз ин, марҳидаи сеюми озмоиши клиникии пас аз сабтшавии ваксина бо иштироки зиёда аз 40 ҳазор нафар одамони аз 18-сола боло оғоз ёфт.

Аллакай охири моҳи сентябр Вазорати тандурустии Беларус таҳқиқоти «Спутник V»-ро дар кишвар тасдиқ кард. Он дар чор заминаи клиникӣ бо иштироки 100 нафар ихтиёрӣ сурат мегирад, ки тасодуфан ба гурӯҳҳо бо таносуби 3:1 тақсим шудаанд. Ба гурӯҳҳои якум ваксина гузаронида мешавад ва гурӯҳи дуюм — платсебо (маводи безарар, ки хусусияти табобатӣ надорад). Пас аз ин сатҳи ташаккули масунияти гуморалӣ ва ҳуҷайравӣ дар ҷавоб ба эмгузаронӣ дар вуҷуди ихтиёриён арзёбӣ мешавад.

                                                           АКСИ ТАСС

Февраль 8, 2021 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон