Сардори ҳавзаи панҷуми амниятии шаҳри Кобул дар як таркиш кушта шуд

Февраль 10, 2021 16:56

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ин таркиш дар наздикии чорроҳаи Баракӣ ҳангоме рух дод, ки мошини зиреҳпӯши ҷаноби Кӯчӣ ҳадафи як минаи канори роҳ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Манбаъҳои амниятӣ мегӯянд, ки Муҳаммадзай Кӯчӣ, сардори ҳавзаи  панҷуми амниятии шаҳри Кобул ва ду тан нигоҳбононаш зимни таркиши мина дар Кобул кушта ва захмӣ шуданд.

Полиси Кобул бо нашри як хабар гуфт, ки дар ин ҳодиса ду нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд, аммо ҷузъиёти бештар дар бораи шахсияти қурбониён ё ҳодиса надоданд.

Полиси Кобул гуфт, ки субҳи имрӯз Кобул шоҳиди се таркиши ҷудогона шуд.

Пеш аз таркиш дар чорроҳаи Баракӣ, як автомашинаи неруҳои амниятӣ дар Қалъаи Абдулалии вулусволии Пағмон мавриди ҳамла қарор гирифт, аммо талафот надоштааст.

Дар ҳамин ҳол, полис гуфт, ки як таркиши дигар дар наздикии қуваҳои марказӣ дар ноҳияи дуюми амниятӣ рух додааст ва дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Хотиррасон мекунем, ки зимни ҳамлаҳои террористӣ дирӯз дар Кобул дар ҳодисаҳои ҷудогона панҷ нафар кушта шуданд.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон”, масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Февраль 10, 2021 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид