Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 286 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид

Февраль 23, 2021 10:47

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 286 ҳазор афзоиш ёфта, аз 112,26 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 23 феврал, ба СУТ дар бораи 112 263 022 сироятшуда ва 2 485 384 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 286 116 нафар ва фавтидагон 6 522 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 28 826 307. Баъд аз он Ҳиндустон (11 016 434), Бразилия (10 197 531), Россия (4 177 330), Британияи Кабир (4 126 150), Франсия (3 609 827), Испания (3 153 971), Италия (2 818 863), Туркия (2 646 526), Германия (2 399 500), Колумбия (2 229 663) ва Аргентина (2 069 751) қарор доранд.

Февраль 23, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид