Ширкатҳои сайёҳии Франсия дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи Тоҷикистон иштирок мекунанд

Февраль 4, 2021 12:04

ДУШАНБЕ, 04.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои маъруфи сайёҳии Франсия тасмим гирифтаанд, ки бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Ин нукта дар мулоқоти маҷозии роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ доир гардид, зикр шуд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мулоқоти маҷозӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия анҷом дода шуда, дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Директори Департаменти дипломатияи иқтисодии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия, Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Aтоут франси Агентии рушди сайёҳии Франсия дар шаҳри Москва, котиби генералии ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Франсия ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар мулоқоти маҷозӣ дар радифи баррасии масъалаҳои марбут ба тақвияти дӯстию ҳамкорӣ, истифодаи имконияти мавҷуда дар бахши сайёҳӣ баррасӣ гардид. Ширкатҳои маъруфи Франсия барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон омодагиашонро изҳор доштанд. Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда анҷом дода шуда, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода аз роҳбари Департаменти дипломатияи иқтисодии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия хонум Ҳелен Дантоин ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Франсия даъват ба амал овард, ки дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат намоянд ва ин даъват ба хушӣ пазируфта шуд.

 

Февраль 4, 2021 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад