Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод

Февраль 10, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум атрофи масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ин рӯзҳо дар Москва баргузор шуда истодааст, ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ саҳм мегузорад.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар партави раёсати Тоҷикистон дар СААД ва ҷаласаҳои мақомоти оинномавии ин Созмон, ки имсол дар Душанбе баргузор мешаванд, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандии худро барои таҳкиму тавсеаи ҳамкории бисёрҷанба ва муносибатҳои шарокати стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Россия таъкид намуданд.

Февраль 10, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд