СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Аз рӯи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров наворҳои видеоӣ ва филмҳои таърихӣ таҳия гарданд

Февраль 10, 2021 17:05

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соле рост омад, ки мамлакатамон  дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Албатта, имсол барои хурду бузурги Ватан соли муқаддасу хотирмон хоҳад буд. Зарур аст, ки ҳар шаҳрванди ин диёри нозанин дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолиро ба хубӣ дарк намуда, ба муқаддасот ва арзишҳои давлатдорӣ арҷ гузорад. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки ба рушду давлатдории навини халқи тоҷик бояд бо чашми ҳақиқатбин ва ақли солим назар кард.

Корманди Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ ба ин андеша аст, ки нуктаи асосӣ ва муҳиме, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои муаззам зикр карданд, ин арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои бузургони миллати мо мебошад: «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар соҳибватан мебошад».

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва интиқоли арзишҳои бегона тавассути филмҳо ва интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба кишварҳои миллӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ вазифаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Пеш аз ҳама, фарҳангу таърихи миллатро омӯхтан лозим меояд. Дар асоси омӯхтан ва аз худ кардани он дар вуҷуди инсон худшиносии миллӣ пайдо мешавад. Худшиносӣ ғурури миллиро ба вуҷуд меорад ва шахс аз ҳастии хеш ва миллату таърихи ниёгони худ ифтихор менамояд. Маҳз ифтихори миллӣ сабаб мешавад, ки шахс ба сифати шаҳрванди беҳтарини кишвари худ баромад карда, дар рушди давлату ҷомеа ва хизмат ба халқи худ саҳм гузорад.

Барои ба ин ҳадафҳо  расидан зарур аст, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар баланд бардошта шавад. Фанни таърихи халқи тоҷик бо тамоми нозукиҳои худ ба наврасону ҷавонон омӯзонда шавад. На танҳо дар мактабу донишгоҳҳо, балки бо ҷалби мутахассисон бо афроди калонсол, инчунин шахсоне, ки муваққатан бекоранд, дар маҳаллаҳо ва минтақаҳо семинару суҳбатҳо гузаронида шаванд.

Хуб мешуд, агар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм» ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ наворҳои видеоӣ ва филмҳои таърихиро аз рӯи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров таҳия ва намоиш диҳанд. Ин иқдомҳо, албатта, дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва маърифатнокии аҳолӣ нақши муҳим хоҳанд дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ба марҳалаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардид. Инро бояд, пеш аз ҳама, насли ҷавон дарк намояд. Муҳимтар аз ҳама, миллати мо бояд имрӯз умеди бештар ба ояндаи дурахшони Ватан дошта бошад, зеро таҷрибаи давлатдории мо нишон дод, ки аз банди мушкилоти сахту сангини замон сарбаландона баромадаем ва дар табдил додани ҳар бадбахтӣ ба хушбахтӣ қодирем.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои зарурӣ дорем».

 Соли 2020 бо вуҷуди мушкилоти шадид давлату ҳукумат такягоҳи асосии мардум ва дар баробари худ халқи шарифи кишвар такягоҳ ва кумакрасони Ҳукумати мамлакат буданд. Ҷавонони хеле зиёде бидуни ягон музд ба сифати ризокор (волонтёр) ба ҷомеа хизмат карданд. Соҳибкорони ватандӯст ба ниёзмандон кумаки моддӣ расонданд. Хулоса, ҳеҷ кас дар саҳмгузорӣ бетараф набуд. Ин аст арзиши давлатдорӣ дар замони муосир. Халқи мо бори дигар қудрати ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро исбот кард, ки мояи ифтихору хушбахтист. Давлату Ҳукумат бо барномаҳои мушаххас тавонист сатҳи буҳронро паст намояд ва дар танзимнамоӣ муваффақ шавад.

Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид ва боз ҳам аз  ваҳдати комили ҷомеа, инчунин маърифати баланди сиёсии халқи кишвар дарак медиҳад, ин баргузории ду маъракаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид».

Маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ баргузор гардидани интихобот рукни асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар замони муосир мебошад.

Соли 2020 дар ҳар кишваре, ки маъракаи интихобот баргузор гардид, бидуни эътирозҳо ва бенизомии ҷамъиятӣ нагузашт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин эътирозҳо таъсири кишварҳои манфиатдор ва гурӯҳҳои ғаразнок дида шудааст. Воситаи асосии таъсиррасон ба тафаккури ин ҷомеаҳо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди баъзе андешаҳои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз хориҷи кишвар пахш мегардиданд, халқи шариф бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо умеди интихоби ояндаи нек дар маъракаи интихобот иштирок карданд. Хусусан,  насли ҷавони кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин ду маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзанда гузоштанд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат нисбат ба ин қишри ҷомеа эътимоди бузург доранд.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир кишварҳо ва ҷомеаҳое муваффақ мешаванд, ки роҳбарияти олӣ нисбат ба ҷавонон ва дар баробари ин ҷавонон нисбат ба давлату ҳукумат эътимоду бовар дошта бошанд. Суботи комил низ танҳо дар ин гуна ҷомеаҳо буда метавонад.    

Февраль 10, 2021 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид