Соли 2020 дар Ҳисор 11 корхонаву коргоҳи нав бо ташкили 230 ҷойи кор фаъол гардиданд

Февраль 13, 2021 11:28

ҲИСОР, 13.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 11 корхонаву коргоҳи нав бо ташкили 230 ҷойи кор ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаҳо асосан ба соҳаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва дӯзандагӣ нигаронида шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд. Айни замон дар шаҳри Ҳисор 74 адад корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд, ки фаъолияти худро асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ ба роҳ мондаанд.

Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.

Зикр шуд, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 261,7 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои амалкунанда дар сатҳи 107,4 фоиз таъмин гардид.

Шарифҷон Ҷумъазода баён дошт, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 767 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 422 адади он ба истифода дода шудаанд.

Сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов зимни нишасти матбуотӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки баҳри дастгирии соҳибкорону сохторҳои буҷетии шаҳр ҷиҳати бунёди иншооти ҷашнӣ бо дастгирии раиси шаҳри Ҳисор ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корхонаҳои лоиҳакашӣ ба 23 муассисаи таълимӣ, 17 иншооти тиббӣ ва зиёда аз 20 нафар соҳибкорону раисони маҳаллаҳо барои бунёди варзишгоҳҳо, чойхонаҳо, сартарошхонаҳо ва дигар намуди иншоот лоиҳаҳои ройгон дода шуданд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳои  сохтмонӣ зиёда аз 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Февраль 13, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад