Сулаймон Давлатзода: Дар мавсими навбатӣ ба ҳаҷ, пеш аз ҳама, онҳое сафар мекунанд, ки дар рӯйхати «Ҳаҷ-2020» номнависанд

Февраль 10, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти вазъи пандемия сафари соли гузаштаи зоирини Тоҷикистон бекор карда шуд. Аз ин рӯ дар мавсими навбатӣ, пеш аз ҳама, онҳое сафар хоҳанд кард, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудаанд. Ин нуктаро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 корҳои омодагиро барои сафарбарнамоии шаҳрвандон ба маросими ҳаҷ оғоз намуда буд. Аз ҷумла, ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолӣ тибқи мактуби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои оғоз намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» ва пешниҳоди рӯйхати ҳаҷравандагон тақсим карда шуд. Рӯйхати ҳаҷравандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба Кумита пешниҳод гардидааст, ки имсол ба назар гирифта мешавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иброз намуд, ки соли 2020 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Аз ин теъдод 9 адад қатъ карда шуда, вобаста ба 600 ҳолати боқимонда қарори дахдор бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳолат камтар мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки маблағи умумии ҷарима 2 миллиону 599 ҳазору 191 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 630 ҳазору 324 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 2007 зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, гуфта буданд: «Мо имрўз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Зимнан нишондиҳандаҳои хуби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки расидан ба он ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, имкон дод, ки сатҳи некӯаҳволии мардум ба андозаи муайян боло равад.

Февраль 10, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд