СУТ КАЙ ЭЪЛОН МЕКУНАД, КИ ПАНДЕМИЯ АНҶОМ ЁФТ? Дар ин бора намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Россия Мелита Вуйнович суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кай режими ниқоб моли таърих хоҳад шуд, гунаҳои нави он чӣ хатар доранд ва кай коронавирус бемории маъмулии мавсимӣ хоҳад шуд? Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Мелита Вуйнович дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Наила Аскер-зода дар шабакаи телевизионии «Россия 1» (ДАР АКС) гуфтааст.
«Мо таназзули ҳолатҳоро (сироятёбӣ бо коронавирусро — эзоҳи АМИТ «Ховар») дар саросари ҷаҳон панҷ ҳафта пай дар пай мушоҳида мекунем. Ҳанӯз пешгӯӣ кардан барвақт аст. Ба назари ман, ниқобҳо ҳамчун чораи гигиенаи шахсӣ ва муҳофизати одамони дигар боз чанд муддат лозим хоҳанд буд», — гуфт Вуйнович. Ба гуфтаи вай, ҳоло мавҷи дуввум дар тамоми ҷаҳон таназзулро нишон медиҳад. Масунияти дастаҷамъии кофӣ вуҷуд надорад, монеа ҳанӯз нест. «Агар мо беэҳтиётӣ кунем, шояд мавҷи сеюм фаро бирасад. Ин ба рафтори одамон вобаста аст ”, — ҳушдор дод намояндаи СУТ.
Дар посух ба саволи хабарнигор дар бораи ин ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ кай изҳор хоҳад кард, ки пандемия анҷом ёфт, коронавирус ба бемории мавсимӣ мубаддал шуд ва барои ин чӣ гуна шароит лозиманд, Мелита Вуйнович гуфт: «Ин басти СУТ нест, ин коршиносони хориҷӣ мебошанд, ки вазъияти эпидемиологиро баррасӣ мекунанд. Барои ин чанд меъёрҳо бояд мавҷуд бошанд: яке ин ки агар шумораи ҳамзамон беморшудагон дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон то ҳадди эпидемиологӣ коҳиш биёбад. Аммо дар асл — он вақт фишор ба системаи тандурустӣ чунин нахоҳад буд, ки он ба фаъолияти мӯътадили системаи тандурустӣ халал бирасонад. Гуфтан душвор аст, ки кай чунин хоҳад шуд».
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






