Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сайёра 25-30% одамон гирифтори фишорбаландиянд, — бардошт аз дарсҳои амалӣ

Февраль 24, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сайёра 25-30% одамон гирифтори бемории фишорбаландӣ мебошанд. Ин раванд аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён аз пештара масъултар бошему нагузорем, ки нафаре ба ин ё он намуди беморӣ мубтало гардад.  Ин нуктаро директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнаб Анварӣ зимни гузаронидани дарсҳои амалӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемории фишорбаландӣ иброз намуд. Семенар бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида, дар он масъулини вазорат ва табибони соҳа иштирок доштанд.

Зикр шуд, ки дар сурати сари вақт пешгирӣ накардани фишорбаландӣ он метавонад ба оризаҳои хатарнок оварда расонад, аз ҷумла бемории фалаҷ ва ё сактаи  майнаи сар, сактаи дил, пайдоиши аретмияҳо ва номураттабии кори дил. Ҳамзамон тавсия дода шуд, ки беморони гирифтори фишорбаландии шараёнӣ бояд мунтазам табобат гиранд.

Сабабҳои асосии бемории фишорбаландӣ — ин ирсият, камҳаракатӣ, пурхӯрӣ ва асабхастагӣ мебошанд.

Барои пешгирии ин беморӣ ҳар шахс бояд соле ду маротиба  аз назорати табиб гузарад. Дигар ин ки шахс  бояд пурхӯрӣ накунад. Нафароне, ки  бештар ғизоҳои серравған истеъмол мекунанд, ба фишорбаландии шараёнӣ гирифтор мешаванд. Инчунин барои пешгирии  ин беморӣ асаби одам  бояд доимо ором бошад, машқҳои ҷисмонӣ ва варзишдармониро низ бояд фаромӯш накард.  Нафароне, ки ба ин беморӣ аллакай гирифтор шудаанд, бояд доимо аз доруҳои тавсиянамудаи мутахассисон истифода баранд. Баланд  шудани фишори хун аз мавсим ва боду ҳаво низ вобастагии калон дорад.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин дарсҳои амалӣ, пеш аз ҳама, ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ доир ба бемориҳо ва пешгирӣ аз онҳо мебошад.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим пайваста чунин дарсҳои амалӣ вобаста ба мавзӯъҳои гуногун ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳо роҳандозӣ мегарданд.

Февраль 24, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Шумораи ҳадди ақалли қадамзанӣ барои одамон дар як ҳафта номбар карда шуд
Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 натиҷагирӣ карда шуд
«ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ». Ғолибони ин озмун дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян шуданд
Дар Тоҷикистон воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамокуи бедудро манъ карданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ва уҳдадориҳои ҷомеа оид ба ваксина тарғиб мегарданд
ИМРӮЗ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ФАРБЕҲӢ. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» татбиқ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав 13 рӯз бо ин тадбири муҳим фаро гирифта мешаванд
«Саломатии миллат-боигарии давлат»,- таҳти ин шиор дар Хуҷанд оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим аксияи шаҳрӣ доир шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ИНТИХОБИ МО! Ҳамасола қариб 8 млн нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон бояд дар як шабонарӯз аз 25 то 50 грамм фалла (творог) истеъмол намояд