Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 натиҷагирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки инсоният барои пойдории саломатӣ, тақвияти он ва умри дарози пурбаракат дидан беҳтар аз тарзи ҳаёти солим чизе кашф накардааст ва тарзи ҳаёти солимро ҳеч дорую давое наметавонад иваз намояд. Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Солимии миллат яке аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду тараққии давлат аст, давлат дар сояи миллати солим қомат меафрозад, пеш меравад. Аз ин рӯ тарзи ҳаёти солим аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ низ дорад. Ин нуктаро 10 март зимни ифтитоҳи ҳамоиш бахшида ба татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова баён намуд.
Ба гуфти мавсуф, зарурат ва аҳамияти тарзи ҳаёти солимро барои тандурустии миллат ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»-ро қабул намуд.
Ҳадафи асосии барнома- ин ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар айни замон дар мамлакат баъзе аз бемориҳо нисбат ба солҳои гузашта бештар ба мушоҳида мерасанд. Омилҳои зиёдшавии баъзе аз бемориҳоро дар камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхӯрӣ ва фарбеҳӣ мебинанд.
Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим нақша дорад, ки бо амалӣ намудани барномаи мазкур марҳила ба марҳила корҳои фаҳмондадиҳиро дар саросари мамлакат ҷоннок намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






