МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Октябрь 3, 2022 11:05

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, нимаи аввали моҳи октябр ҳавои муътадил ва нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорат дар назар дошта шуда, боридани борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Ин тағйирёбии ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун чӣ гуна таъсир  мерасонад ва боиси авҷи кадом бемориҳои мавсимӣ мегардад?

Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба мутахассиси соҳа муроҷиат намуд.

                      Бемориҳои мавсимӣ кадомҳоянд?

«Бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, намнокӣ оғоз мешавад, бемориҳои музмин ва зуком хурӯҷ мекунанд»,- иброз намуд мутахассиси Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Чамангул Карамова.

Ба гуфти ў, дар тирамоҳ ҳама бемориҳое, ки дар шакли музмин қарор доранд, шадидтар мешаванд ва ба рӯҳияи инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар баробари авҷи бемории зуком бемориҳои мавсимӣ, ба монанди хастагӣ, хоболудӣ, депрессияи тирамоҳӣ, касалиҳои вирусии роҳҳои болоии нафас, систит,    бемориҳои системаи мушакҳо, ҳассосияти пӯст ва афзоиши вазн низ ба мушоҳида мерасанд.

«Дар хотир бояд дошт, ки афсурдаҳолӣ ва асабоният метавонанд сабаби мушкилоти саломатӣ дар тирамоҳ бошанд. Аз ин рӯ, шумо бояд дар рӯҳияи мусбат зиндагӣ карданро ёд гиред ва аз ҳаёт лаззат баред. Ва муҳимтар аз ҳама, бидонед, ки мушкилии мавсимии саломатӣ метавонад муваффақона ҳал шавад, агар шумо сабаби пайдоиши онро сари вақт фаҳмед», -таъкид кард номбурда.

Масунияти паст — сабаби беморӣ

Ҳамсуҳбати мо шарҳ дод, ки яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории мавсимӣ- ин системаи заифи иммунитет мебошад. Инчунин дар фасли тирамоҳ  мубодилаи моддаҳо дар бунияи инсон камтар шуда, масунияти бадан ва тобоварии он ба аксари бемориҳо суст мешавад.  Камтар шудани гармии Офтоб,  омезиши сардию  гармии шабонарӯзӣ, фаро расидани сардиҳои субҳгоҳӣ ва дигар хусусияти табиии фасли тирамоҳ ба ин сабаб мегарданд.

«Аз ин рӯ, шумо бояд тамоми сол барои саломатии худ ғамхорӣ кунед: аввалан бояд маҳсулоти табиӣ интихоб ва ғизои солим истеъмол кунед, дуруст истироҳат ва варзиш намоед. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳаёт омилҳои зиёди берунӣ мавҷуданд, ки системаи масуниятро доимо заиф мекунанд»,-афзуд Чамангул Карамова.

Чӣ бояд кард?

Ба гуфти мутахассис, барои пешгирии бемориҳои гуногун дар ин мавсим инсон бояд мутобиқи боду ҳаво либос пӯшад, то таъсири сардиҳои тирамоҳро ба бадани худ камтар созад. Дигар нуктаи муҳим-ин  тағйир додани  ғизо дар ин мавсим аст. Агар дар фасли тобистон одамон асосан нӯшокиҳои ташнагишикан ва  хӯроки  сабуки камравған  истеъмол кунанд, дар тирамоҳу зимистон маводи  серғизо ба бадани инсон фоидаи хуб дорад. Омили дигар- ин тағйири реҷаи рӯз, машқҳои варзишӣ ва истироҳату фароғат аст.  Хурӯҷ кардани бемориҳои мавсимӣ асосан аз риоя накардани ана ҳамин талабот ва реҷаи рӯз маншаъ мегирад.

«Саломатии инсон аз боду ҳаво вобастагии баланд дорад. Тағйир ёфтани ҳаво, яъне ҳавои гарм, хокбориш ва паст гардидани ҳарорат метавонанд боиси бемориҳои мавсимӣ, аз қабили  дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд, фишорбаландӣ ва ғайра гарданд. Нафароне, ки дар ин гуна боду ҳаво аз бемориҳои мазкур ранҷ мекашанд, бояд ба саломатии худ аҳамияти зиёдтар дода, тибқи маслиҳати  табибон амал намоянд»,- иброз дошт номбурда.

Чаро дар тирамоҳ зуком бештар мешавад?

«Зуком бемории вирусӣ буда, давомнокии он 3-7 рӯзро дар бар мегирад. Хавфи асосии ин беморӣ дар оризаҳояш мебошад. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш, ки онро отит ҳам мегӯянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зукоманд, ки метавонанд шакли музмин гиранд. Зуком бештар дар ҳавои намӣ — фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд ва барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ маҳсулоте, ки дар он бештар витамини С мавҷуд аст, тавсия дода мешавад», -иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба тавсияи мутахассис, агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бо он мубориза мебарад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани тасфи бадан доруи ҳароратпасткунанда ё дигар доруҳои дар таркибашон дорои паратсетамол барои кӯдакон ба миқдори 10 мг ба 1 кг вазни бадан ва барои калонсолон ба миқдори 500 мг дар як рӯз 3 — 4 маротиба тавсия дода мешавад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман ба пизишк муроҷиат намудан зарур аст.

                                                       Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                                     АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 3, 2022 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода