Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ баргузор гардид

Февраль 23, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар маҷмӯъ, 34 факултет аз рӯи 205 ихтисос (бо такроршавӣ) дар доираи 134 кафедраи тахассусӣ 1437 нафар омӯзгор (580 нафар дорои дараҷаи илмӣ) ба беш аз 33 ҳазор нафар донишҷӯ таълим медиҳанд. Ин нукта зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 феврал дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Шӯро Матлубахон Сатториён баргузор гардид, баён шуд.

Тавре аз маркази матуботи Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, дар он аъзои Шӯро-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо ва ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ширкат намуданд.

Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода дар ҷаласа вобаста ба раванди тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе гузориш дод.

Дар ҷараёни ҷаласа раванди омода намудани мутахассисон аз рӯи равияҳои математика, физика, химия ва биология дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе   мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.

Зикр гардид, ки аз ҷониби гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони касбӣ моҳи ноябри соли 2020  омӯзгорони самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таълимии мазкур аз аттестатсия гузаштанд ва ҳайати омӯзгорон барои такмили ихтисос, таълифи китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва рафъи камбудиҳои дигар муваззаф гардиданд.

Инчунин муовини якуми Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён оид ба вазъи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ гузориш дод.

Гуфта шуд, ки соли 2020 бо мақсади такмил додани дониш ва маҳорати касбӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 65 нафар омӯзгор, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 33 нафар омӯзгор, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон 25 нафар омӯзгор ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 4 нафар омӯзгор дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Тибқи нақша, мунтазам омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд.

Дар се соли охир дар ин  самт дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 142 номгӯй китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 74 китоби дарсӣ, 190 дастури илмӣ-методӣ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон 8 китоби дарсӣ ва 16 дастури таълимӣ-методӣ ва дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе зиёда аз 15 китоби дарсӣ ва дастури методӣ-таълимӣ таҳия ва нашр гардидаанд.

Айни замон дар ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шумораи донишҷӯёни ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ 11779 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 7501 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 4278 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамоянд.

Тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 138 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 391 нафар таҳсил менамоянд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбия ва омоданамоии кадрҳои зинаи миёнаи касбӣ машғуланд. Аз теъдоди умумии коллеҷҳо дар 57 муассисаи таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) донишҷӯ қабул карда мешавад, ки дар баробари гирифтани тахассус таҳсилоти миёнаи умумиро низ азхуд менамоянд.

Дар муассисаҳои мазкур 93531 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки ба таълиму тарбияи онҳо 6587 нафар омӯзгорон машғуланд. Аз теъдоди умумии омӯзгорон 95 нафар номзади илм ва 30 нафар доктори илм мебошанд.

Барои ба танзим даровардани раванди таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ якчанд ҳуҷҷатҳо барои ихтисосҳои амалкунанда, аз ҷумла, стандартҳои тахассусӣ, нақша ва барномаҳои таълимии низоми кредитии таҳсил бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст.

Зимни баррасии масъалаҳо иштирокдорони ҷаласа ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар ҷамъбаст раиси ҷаласа вобаста ба татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, бартараф намудани норасоии кадрӣ ва таъмини муассисаҳо бо омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои касбӣ бо китобҳои дарсӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, ҷалби омӯзгорон ба маҳфилҳои илмӣ ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Февраль 23, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад