ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, шанбе, 51-умин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 20, 2021 08:00

20 феврали соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 80 нафар ходимони ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии низомӣ сарфароз гардониданд.

***

20 феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд.

20 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи Президент.

РӮЙДОДҲО:

20 феврали соли 2002 дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» — и Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

***

20 феврали соли 2012 дар Лондон ҷамъомади ҷамъияти Британия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 20 феврали соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ипотека» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

***

20 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Америка баррасӣ гардиданд.

***

20 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба алоқаи байнифарҳангии Тоҷикистону Россия муҳокима гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардид.

***

20 феврали соли 1872 дар ИМА лифти электрикӣ ихтироъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри  Душанбе намоиши молҳои Ҳиндустон доир шуд.

Февраль 20, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст