Тадбирҳои андешидашаванда натиҷа доданд, зеро дар Тоҷикистон сатҳи тамокукашӣ коҳиш меёбад

Февраль 24, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сатҳи тамокукашӣ сол то сол коҳиш меёбад, ки ин натиҷаи тадбирҳои андешидашаванда мебошад, зикр карданд коршиносони Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ). Дар Душанбе 23 феврал татбиқи Конвенсияи чорчӯбавии СУТ оид ба мубориза бо тамоку дар Тоҷикистон муҳокима шуд.

Дар ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда, меъёрҳои қонунгузорӣ: манъи тамокукашӣ дар биноҳои маъмурӣ, идораҳои корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳҳо, вокзалҳо, осоишгоҳҳо, хобгоҳҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ номбар шуданд. Дар кишвар инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку дар масофаи то сад метр наздик ба биноҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилоти динӣ мамнӯъ шудааст. Ба ашхоси то 18-сола фурӯхтани сигор мамнӯъ аст: агар фурӯшанда нисбат ба синни харидор шубҳа дошта бошад, ӯ ҳақ дорад аз ӯ санади дахлдор талаб кунад. Дар кишвар фурӯши дона-донаи маҳсулоти тамоку манъ аст. Ғайр аз ин, дар қаламрави Тоҷикистон мубодилаи маҳсулоти тамоку бо молҳо ва хидматҳои дигар ва тақсими ройгони он ба аҳолӣ манъ аст.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва СУТ зикр карданд, ки тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайриуфунӣ (саратон, бемориҳои дилу рагҳо ва ғайра) мебошад.

Тибқи маълумоти СУТ, ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 1 миллиард мардҳо ва 250 миллион занҳо ҳар рӯз тамоку мекашанд.

Тамокукашӣ сабаби фавти 10% аҳолии калонсол дар ҷаҳон мебошад, ҳар сол 5,4 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба тамокукашӣ мефавтанд.

Соли 2010 бори нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» тасвиб шуд ва соли 2013 Тоҷикистон ба Конвенсияи чорчӯбавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку пайваст. Ин санад нахустин санади байналмилалӣ мебошад, ки ба маҳдуд кардани тамокукашӣ нигаронида шудааст ва аввалин шартномаи байналмилалие мебошад, ки таҳти сарпарастии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ баста ва 16 сол пеш ба таври ҳатмӣ иҷрошаванда гардид.

Февраль 24, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!