Тактикаи нави минахобонии “Толибон” дар Кобул

Февраль 23, 2021 08:41

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон мегӯяд, ки “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) рӯзҳои охир аз усулҳои комилан нави минагузорӣ дар Кобул истифода мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории «Садои Амрико» -и Афғонистон darivoa.com.

Котиботи муовини аввали президенти Афғонистон рӯзи душанбеи 22 феврал бо истинод ба ҷаноби Солеҳ дар сафҳаи расмии ин ниҳод навиштааст, ки “Толибон” пармаҳои махсусро аз Покистон харидаанд» ва аз онҳо барои хобонидани минаҳо дар ҷодаҳо истифода мекунанд.

Ҷаноби Солеҳҳамчунон афзудааст: «Ин пармаҳоромаъмулан дар мошинҳои “Сароча”насб месозанд ва бо таваққуфи як то дудақиқаӣ онҳо метавонанд як сӯрохӣ бо чуқурии даҳ сантиметр дар рӯи роҳпарма кунанд. Бошитоб дар сӯрохӣ минае, ки ҳамранги роҳ аст, гузошта мешавад».

Ҷаноби Солеҳ инчунин гуфт, ки онҳо далелҳои мӯътамад доранд, ки “Толибон”пармаро аз Покистон ба Афғонистон интиқол додаанд ва ҳоло»ин равиши одамкушӣ ва террори онҳо ошкор шудааст».

Февраль 23, 2021 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид