Таркиш дар Кобул ҷони як устоди донишгоҳ ва як нафари дигарро рабуд

Февраль 19, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси шаҳри Кобул-пойтахти Афғонистон изҳор доштааст, ки ин таркиш дар ҷодаи беморхонаи Алиобод ҳавзаи сеюми Кобул ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Таркише, ки рӯзи панҷшанбе 18 феврал дар назди дарвозаи Донишгоҳи Кобул рух дод, ҷони Мубашир Муслимёр, устоди донишкадаи шаръиёти ин донишгоҳро рабуд.

Автомашинаи ҷаноби Мубашир замоне мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифт, ки ӯ пас аз дарс аз фанни низоми сиёсии ислом аз як мадрасаи динӣ хориҷ мешуд.

Дар ин таркиш як шогирди ҷаноби Мубашир низ кушта шуд.

Лоло Оғо, шоҳиди ҳодиса, гуфт: «Вақте ки мо рафтем автомашина оташ гирифта буд. Устодро аз мошин берун овардем, пойҳо ва ними баданаш набуд».

Мубашир Муслимёр соли 2005 мактабро дар Кобул хатм кардааст. Маълумоти олиро дар Ҳирот гирифтааст. Вай дараҷаи магистр дар улуми исломӣ дошт ва даҳ сол боз профессори факултаи шариати Донишгоҳи Кобул буд.

Ӯ тақрибан ду сол пеш бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ боздошт шуда буд.

Вазорати маълумоти олӣ мегӯяд, ки ӯ пас аз як соли зиндон авф шуд ва ба донишгоҳ баргашт.

Куштори ҳадафманди уламои динӣ имсол бесобиқа будааст. То ҳол дар чунин ҳамлаҳо чанд донишманди дин кушта шудаанд. Марги Муҳаммад Отиф, раиси Шӯрои марказии ҷамъияти ислоҳ, дар рӯйдоди ҳамсон се ҳафта қабл, мисоли барҷастаи он аст.

Февраль 19, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид