Таркиш дар Парвони Афғонистон як кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт

Февраль 9, 2021 09:37

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти маҳаллии вилояти Парвони Афғонистон мегӯянд, ки бар асари таркиши минаи канори роҳ 8 феврали соли 2021 дар назди донишгоҳи ин вилоят як нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба  хабаргузории «Садои Амрико» -и Афғонистон Darivoa.com.

Абдулқосим Сангин, мудири беморхонаи шаҳри Парвон гуфтааст, ки дар ин таркиш як нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Номбурда  вазъи саломатии маҷрӯҳони ин таркишро қаноатбахш медонад.

Дар ҳамин ҳол, Абдул Восӣ Раҳимӣ, сардори шуъбаи полиси Парвон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳадафи ин ҳамла автомашинаи хидматии раёсати амнияти миллии вилояти Парвон будааст.

Ҷаноби Раҳимӣ афзуд, ки ҳамаи қурбониён ва захмиёни ин таркиш кормандони раёсати мазкур буданд, ки ҷиҳати анҷоми вазифаҳои хидматӣ ба самти вулусволии  Кӯҳи Сафӣ мерафтанд.

Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин таркиши минаи канори роҳ дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, аст.

Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, шаш рӯз пеш мошини ҳомили сардори полиси Парвон дар шаҳри Чоряккор ҳадафи минаи канори роҳ қарор гирифт, вале дар ин инфиҷор касе осеб надид.

Шаҳри Кобул низ 8 феврал шоҳиди таркиши минаи магнитӣ шуд.

Полиси Кобул мегӯяд, ки таркиш нимаи якуми рӯз дар ҳавзаи шашуми амниятии полис рух додааст.

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фарамарз ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст.

Ҳеҷ гурӯҳ ё шахс масъулияти ин таркишҳоро ба уҳда нагирифтааст, аммо мақомоти афғон «Толибон» -ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъули ин ҳамлаҳо медонанд.

Февраль 9, 2021 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид