Тибқи барномаҳои нави таълимӣ дар асоси стандарти салоҳияти касбӣ курси омӯзишӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш», ки барномаҳои нави таълим дар асоси стандартҳои салоҳияти касбӣ амалӣ карда мешаванд, курси омӯзишӣ оғоз гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, таълим дар асоси салоҳият- ин технологияи муосири таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, кафолати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси коргарро дар асоси талаботи воқеии бозори меҳнат таъмин менамояд.
Дар натиҷаи санҷиш 40 таълимгиранда баъд аз гузаштан аз баҳодиҳӣ соҳиби шаҳодатнома бо рамзи байналмилалӣ мешаванд. Тасдиқи санҷиши барномаҳои модулӣ барои касбҳои «Кафшергари газию барқӣ» ва «Қаннод» гузаронида шуда, пас аз санҷиши барномаҳои номбурда ба онҳо пешниҳоду навгониҳо ворид карда мешаванд.
Дар ниҳоят барномаҳои ислоҳшуда ба Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим барои таҳлил ва тасдиқ пешниҳод мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ки ин моро вазифадор менамояд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои касбомӯзӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоем.
Дар дунёи муосир раванди тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат бо истифодаи методологияи таълим дар асоси салоҳияти касбӣ амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар якҷоягӣ бо корфармоён стандартҳои салоҳияти 17 касби коргарӣ таҳия шуда, аз ташхиси корфармоён ва вазоратҳои соҳавӣ гузаронда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии лоиҳа навовар намудани методологияи тайёр намудани мутахассисон барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин лоиҳа барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ, барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.
Амалигардонии лоиҳа ба дӯши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии лоиҳа фаъолият дорад.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






