Тоҷикистон аз таҷрибаи пешрафтаи Ордени Малта дар бахши сайёҳӣ истифода менамояд

Февраль 4, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим дорад, ки аз таҷрибаи пешрафтаи Ордени Малта дар бахши сайёҳӣ  истифода намояд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири навтаъйини Ордени Малта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Лаланн  иброз гардид.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Ордени Малта оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва мубодилаи сайёҳон байни  ҳарду давлат баррасӣ гардид.

-Мусоҳибон дар анҷоми мулоқот ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон изҳор доштанд, хабар медиҳад сарчашма.

Февраль 4, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст