Қурбон Ғуломзода: «Феҳрист»-и китоби «Тоҷикон» барои рушди библиографияи адабиёти тоҷик аҳамияти назаррас дорад

Февраль 3, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани китоби муҳташами худ — «Тоҷикон» дар нашри тоҷикӣ 1938 номгӯй ва дар нашри русӣ 1629 номгӯй асару мақолаҳо ва сарчашмаҳои нодирро мавриди истифода қарор додааст.

Имрӯз муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илм дар таҳқиқоти хеш ба осори гаронбаҳои илмии олимон такя намуда, онҳоро ҳамчун манбаи муҳими сарчашмашиносӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Осори библиографии Бобоҷон Ғафуров аҳамияти калони ахборию библиографӣ дошта, дар тарғиби адабиёти самтҳои мухталифи илм манфиати арзанда дорад. Мавҷудияти он барои дарёфти дараҷаи инкишофи библиографияи дохиликитобию паҳлӯикитобӣ ва умуман библиографияи адабиёти ҷомеашиносии тоҷик кумак мерасонад.

Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода вобаста ба  ферҳисти китоби «Тоҷикон» ва аҳамияти ахборию библиографии он андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз намуд, ки дар зер манзури хонандагони сомона мегардонем.

— Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар оила ройгон тақсим намудани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров иқдоми наҷиб ва ватандӯстона буда, барои дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва миллатдӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас ва умуман аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.

Омӯзиши мероси илмии Бобоҷон Ғафуров, бавижа шоҳасари безаволи ӯ- «Тоҷикон» барои таҳқиқи масоили кам омӯхташудаи соҳаҳои мухталифи илм мусоидат мекунад. Муҳаққиқони риштаи таърих ва китобдорӣ тавассути омӯзиши китоби «Тоҷикон» метавонанд роҷеъ ба таърихи ихтирои хат ва алифбо, пайдоиши китобҳои қаламӣ, чопӣ, катибаҳо ва маъхазҳои дигари нодири китобхонаҳо, рушду нумӯи санъати минётурӣ, ҳунарҳои хаттотӣ ва саҳҳофӣ маълумоти муҳиму боэътимоднок дарёфт намоянд. Илова бар ин, он ба муҳаққиқон имкон медиҳад, ки давраҳои умдаи рушди таърихи китобдории тоҷик ва таърихи китобхонаҳои тоинқилобии Тоҷикистонро муайян созанд.

Ҳамин тавр, идома додани таҳқиқоти ҷудогонаи марбут ба ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров аз бисёр ҷиҳат барои амиқ омӯхтани таърихи халқи тоҷик ва муайян кардани саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушду нумӯи илму фарҳанги халқамон муҳим буда, барои хештаншиносии насли имрӯзу фардо ҳамчун сарчашмаи муфид кумак мекунад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати омӯзиши таърих, адабиёт ва фалсафаи қадимии халқи тоҷикро ҷиддан таъкид карда, 23 майи соли 1997 дар мулоқот бо намояндагони ҷавонон чунин иброз дошта буданд:  «Китоби «Тоҷикон»- и устод Бобоҷон Ғафуровро бояд тамоми ҷавонони мо нағз хонанд, гузашта ва имрӯзаи халқи худро донанд, то ояндаро барои худ дуруст тасаввур намоянд».

Дастгоҳи илмӣ-маълумотии китоби «Тоҷикон» ба хотири амиқ омӯхтани масоили мухталифи дар китоб зикршуда ва осон гардонидани кори пажӯҳандагон таҳия шуда, дорои аҳамияти калони ахборию библиографӣ мебошад. Дар охири китоби дувуми «Тоҷикон» равзани махсус таҳти унвони «Феҳристҳо» ҷойгир шудааст, ки дар он маълумоти муҳими ахборию библиографӣ роҷеъ ба тавсифи сарчашмаҳо, маъхазҳо ва адабиёти истифодашуда, рӯйхати ихтисорҳо, феҳристи ашхос, номҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва этникӣ дода шудаанд. Мавҷуд будани чунин маълумот, агар аз як сӯ, кори истифодаи китобро осон гардонад, аз сӯи дигар, ба ҳалли бисёр масоили камомӯхташудаи соҳаҳои мухталифи таърих мусоидат мекунад.

«Феҳристи маъхаз ва таҳқиқоти истифодашуда, — менависанд муаллифони рисолаи «Академик Бобоҷон Ғафуров» А. Мухторов ва Ш.Шарифов,- бисёр мукаммал буда, он ҳамаи марҳилаҳои асосии таърихи халқи тоҷикро дар бар гирифтааст. Муаллиф фазилати фавқулода, барҷаста ва хуб огоҳ будани худро аз дастовардҳои донишмандони шӯравӣ ва хориҷӣ зоҳир намудааст. Феҳристи китоб барои муҳаққиқони таърихи халқи тоҷик як сарчашмаи нодир буда, кори онҳоро осон мегардонад» (2, саҳ. 134).

Мавҷудияти унсурҳои мухталифи ахбор ва библиография дар тавсифи сарчашмаҳо мушоҳида мешавад. «Тавсифи сарчашмаҳо» яке аз қисмҳои умдаи «Феҳристҳо» буда, роҷеъ ба мазмун, шакл ва жанри манбаъ, муаллиф, мутарҷим ва мураттиби асар, унвони маъхаз, забон, замон, макон, теъдоди нашр ва амсоли инҳо маълумоти мушаххаси библиографӣ медиҳад. Дар ин қисм афкор ва андешаҳои Бобоҷон Ғафуров оид ба мазмуну муҳтаво, замону макони пайдоиши муҳимтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва нақши онҳо дар баррасӣ ва таҳқиқи умдатарин воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ арзёбӣ шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Бобоҷон Ғафуров дар ин қисм беш аз 100 маъхазҳои муҳими таърихиро тавсиф намуда, дар кадом маврид ва барои ҳалли кадом муаммоҳо мавриди истифода қарор додани онҳоро ишора кардааст.

«Тавсифи сарчашмаҳо» ҳамчун дастури мустақими библиографии дохиликитобӣ аз ҷиҳати банду баст, услуби баррасӣ ва шарҳи мазмуни аснод, ҳамоҳангии навиштаҷоти библиографӣ, солиму мушаххас ифодаёбии фикр, ҳампайвастагии матн ва дигар аломатҳо ба яке аз шаклҳои нисбатан маъмули дастурҳои библиографӣ- «суҳбат дар бораи китоб» монандӣ дошта, қодир аст эҳтиёҷоти библиографии истифодабарандагони ахборро қонеъ гардонад ва ба сифати намунаи беҳтарини ин шакли дастури библиографӣ хизмат расонад.

Бобоҷон Ғафуров оид ба сарчашмаҳои марбут ба як мавзӯъ бештар тавсифи гурӯҳӣ навишта, бо ду — се ҷумла таваҷҷуҳи хонандаро ба мазмуни воқеаву ҳодисаҳои дар он инъикосёфта ҷалб намудааст.

Рӯйхати сарчашмаҳо ва адабиёти истифодашуда қисми дигари «Феҳристҳо» буда, аз чунин зерқисмҳо иборат аст: а) осори классикони марксизм- ленинизм; б) монография ва мақолаҳо; в) сарчашмаҳо. Тибқи нишондоди рӯйхат, Бобоҷон Ғафуров барои навиштани китоби муҳташами худ- «Тоҷикон» дар нашри тоҷикӣ 1938 номгӯй ва нашри русӣ 1629 номгӯй асару мақолаҳо ва сарчашмаҳои нодирро мавриди истифода қарор додааст. Ба маълумоти ҷадвали зерин таваҷҷуҳ фармоед.

Ҷадвали инъикоси теъдоди номгӯйи сарчашмаҳо ва адабиёти дар китоби «Тоҷикон» истифодашуда:

Забони нашр Осори классикони

марксизм-

ленинизм

Монография ва мақолаҳо Сарчашмаҳо Ҷамъ
Осори олимони ватанӣ Осори олимони хориҷӣ
1 Нашри тоҷикӣ 68 1241 371 258 1938
2 Нашри русӣ 60 964 367 238 1629

 

Ба рӯйхат на ҳамаи манбаъҳои мавриди истифода қарорёфта ворид гаштаанд. Дар нашри русӣ (соли 1989) қайд шудааст, ки рӯйхат ҳамаи маводи истифодакардаи муаллифро фаро намегирад ва дар он фақат манбаҳои иқтибосшуда ворид шудаанд (1, саҳ. 391). Рӯйхати сарчашмаҳо ва адабиёти истифодашудаи нашри тоҷикии китобро А. Валиев тартиб додааст.

Муқоисаи манбаъҳои иқтибосшуда дар поварақ ва рӯйхати ҷойгиршуда нишон медиҳад, ки на ҳамаи сарчашмаҳои дар поварақ ишораёфта ба рӯйхат ворид гаштаанд. Мисол, дар поварақи саҳифаи 155 китоби дувуми нашри тоҷикӣ Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи хонандаро ба 35 асари 22 олим ҷалб намуда, дар охир қайд кардааст, ки «мо имкон надорем бар сари натиҷаҳои ин таҳқиқот қадре бошад ҳам, муфассалтар таваққуф намоем». Бинобар ин, барои осон гардонидани кори муҳаққиқони дигар дохил кардани ҳамаи манбаъҳои ишорашуда ба рӯйхат зарур буд. Аммо ин тавр нашудааст. Асарҳои олимон: Лавров В.А., 1964; Ремпель Л.И., 1937, 1960; Веймарн В.В., 1948; Воронина В.Л., 1951, 1956: Абдурасулов Р.Р., Зоҳидов П. Ш., 1969: Мухторов А., 1965; Рӯзиев М., 1967 ба рӯйхат ворид нашудаанд.

Инчунин ба рӯйхати сарчашмаҳо ва адабиёти истифодашуда боз 32 номгӯй маводи бойгонӣ ва 4 номгӯй мақолаҳои дар рӯзномаҳои «Туркестанские ведомости» (3, саҳ. 272), «Наша газета» (3, саҳ. 273) дарҷшуда, ки дар поварақи саҳифаҳои китоб ишора шудаанд, ворид нагаштаанд.

Дар рӯйхат унвони ҳамаи асарҳо бо забони асл тасвир шудааст. Дар тасвири манбаъҳо чунин унсурҳои тасвир – ному насаби муаллиф, унвони асар, маълумоти зери сарлавҳа, макон ва соли нашр истифода шудаанд. Ин ҷо ду унсур – унвони чопхона ё нашриёт ва шумораи умумии саҳифаҳои асар нишон дода нашудаанд. Манбаъҳои иқтибосии дар поварақи саҳифаҳо ишораёфта асосан дорои се унсури тасвир мебошанд: 1- ному насаби муаллиф; 2- соли нашр; 3- саҳифаҳои асар, ҳамон саҳифаҳое, ки бевосита ба онҳо муаллиф муроҷиат кардааст. Мисол, «Лагофет Д. Н., 1911, с. 293-298» (3, саҳ. 130).

Феҳристи номҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва этникӣ аҳамияти калони ахборӣ дошта, роҷеъ ба номи деҳаву ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо, кишвару мамлакатҳо, дарёву баҳрҳо, водиҳо, давлату хонигариҳо, қалъаву манораҳо, масҷиду мадрасаҳо, қавму қабилаҳо, миллату халқияти мухталиф ва ғайраҳо маълумоти саҳеҳ медиҳанд ва барои сари вақт пайдо намудани иттилои зарурӣ кумак мерасонанд.

Февраль 3, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад