Ҳусайн Идиев: Иттифоқи «Тоҷикматлубот» омӯзгоронро як сол аз пардохти маблағи иҷораи хобгоҳҳо озод намуд

Февраль 9, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз намуд,  ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  омӯзгороне, ки дар хобгоҳи донишгоҳу донишкадаи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» истиқомат мекунанд, як сол ва донишҷӯён дар нимсолаи аввал пурра аз пардохти маблағи иҷора озод мегарданд.

Зикр гардид, ки дар муассисаҳои таълимии Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди Донишгоҳ тамоми шароит муҳайё карда шуда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони зарурӣ тайёр карда мешаванд.

Дар ҷараёни нишаст иброз шуд, ки дар анбору сардхонаҳои ташкилоту хоҷагиҳои соҳаи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба ҳолати 1 декабри соли 2020 ба миқдори  2364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, ки (1306 тоннааш пиёз, 703 тонна картошка) ва 633 тонна ангишт захира карда шудааст. Инчунин дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 45 адад анборҳои захираи маҳсулоти кишоварзӣ  ба масоҳати 15790 м2 мавҷуд мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳа 3 адад сардхона, аз ҷумла дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 350 тонна, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна ва дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1500 тонна фаъолият намуданд.

«Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нақша дорад, ки дар соли 2021 вазифаҳои зерин: омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети қабулнамуда ва зиёд намудани ҳаҷми даромад, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, афзоиш додани хариду захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми истеҳсолот, таъмиру навсозии бозори идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг,  сохтмони бозор дар ноҳияи Мастчоҳ, ба анҷом расонидани сохтмони бозори замонавӣ дар маркази ноҳияи Носири Хусрав, идома ва анҷом додани сохтмони «Маркази савдо»-и дуошёна дар ноҳияи Восеъ, навсозии бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Муъминободро амалӣ намояд»,- гуфт Ҳусайн Идиев.

Барои амалӣ намудани ин корҳои сохтмонӣ тақрибан 11 млн сомонӣ равона гардида, аз ин ҳисоб ҷойҳои иловагии корӣ ташкил карда мешаванд.

Февраль 9, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст