Бар асари таркиши мина дар Форёби Афғонистон ҳафт афсари полис ҳалок гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти амниятии вилояти Форёби Афғонистон мегӯянд, ки бар асари таркиши минаи канори роҳ дар вулусволии Алмори ин вилоят ҳафт корманди полис кушта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.
Карим Юриш, сухангӯи полиси ин вилоят, рӯзи сешанбе (16 феврал) ба «Садои Амрико» гуфт, ки дирӯз корвони автомашинаҳои таъминотии полис, ки ба сӯи вулусволии Алмории вилоят равон буд, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт.
Ӯ гуфт: «Як автомашинаи зиреҳпӯши полис бо минаи дар канори роҳ гузоштаи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бархӯрд, ки дар натиҷа ҳафт нафар кормади полис кушта шуд».
Сухангӯи полиси Форёб инчунин гуфт, ки пас аз таркиш «Толибон» ба қатори мошинҳои нируҳои амниятии Афғонистон ҳамла карданд ва задухӯрди ду тараф беш аз як соат идома ёфт.
Ҷаноби Юриш афзуд, ки дар ин даргириҳо беш аз даҳ ҷангҷӯи «Толибон» кушта ва захмӣ шуданд.
Гурӯҳи «Толибон» то ҳанӯз дар ин маврид изҳори назар накардааст.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






