Вакили Маҷлиси намояндагон ва ректори ДМТ ба бунгоҳи тиббии ноҳияи Муъминобод кумаки моддӣ расониданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва ризоияти раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори ин донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода иқдом гирифт, ки ба бунгоҳи тиббии деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон 15 адад миз, 30 адад курсиҳои мулоими замонавӣ ва маҷаллаҳои тиббӣ кумак карда шавад.
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ин иқдоми ҷавонмардонаи вакили Маҷлиси намояндагон ва ректори Донишгоҳи миллӣ дар роҳи мусоидат ба таъмини шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи тиб ҷиҳати беҳдошти саломатии мардум ва пешгирии ҳолатҳои гирифтор шудани аҳолии деҳот ба бемориҳои сироятӣ аз таъкиду ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат манша гирифта, дар роҳи дастгирии аҳолии деҳот ва оилаҳои ниёзманд чораи хеле саривақтӣ арзёбӣ карда мешавад.








Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






