Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода: 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи муборизаи қатъӣ 1091 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор ва 271 нафар аъзою тарафдорони ин равияҳо дастгир карда шудаанд, ки аз ин 77 нафарашон ҷавонон мебошанд. Аз ин шумора «Бародарони мусулмон» -148, «Давлати Исломӣ»-39, «Гурӯҳи 24»-8, «Ҳизби наҳзати ислом»-17, «Ансоруллоҳ»-8, «Ал-Қоида»-3 нафар, ва «Ҳаракати Толибон»-1 нафар дастгир шуданд. Дар ин хусус имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки имрӯз ҷаҳони муосирро хатари терроризму экстремизм фаро гирифтааст ва ҷумҳурии мо низ аз ин радиф истисно нест ва яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти мо мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ мебошад.
Ҳамзамон мавсуф гуфт, ки соли сипаригардида 10 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дар ҳайати 37 нафар муайян ва дастгир гардида, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 1 тоннаву 117 кг 358 гр воситаҳои нашъадор (49 кг 282 гр героин, 481 кг 207 гр афюн, 502 кг 212 гр ҳашиш, 64 кг 780 гр бангдона) мусодира гардид. Дар баробари ин беш аз 791 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда ва худрӯй дарёфт ва нобуд карда шуд, ки миқдории умумии он 1 тоннаву 620 кг-ро ташкил медиҳад.
-Дар маҷмӯъ,-гуфт Рамазон Раҳимзода,- аз ҷониби ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 тоннаву 425 кг воситаҳои нашъадор мусодира карда шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз навъи ҳабҳои синтетикӣ, ки имрӯзҳо дар байни ҷавонон паҳн шудаанд, изҳори нигаронӣ карда зикр намуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паҳншавии таблеткаҳои синтетикӣ байни ҷавонон, хусусан дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ авҷ гирифтааст ва ин хеле ташвишовар аст. «Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт 5 150 дона таблеткаҳои синтетикӣ мусодира гардиданд»,-иттилоъ дод Вазир ба хабарнигорон.








«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд






