Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе боздид намуд

Февраль 16, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи  сироятии шаҳри Душанбе   пас аз таъмир  ба фаъолияти муқаррарӣ баргашта, дар он тамоми шароит ва имконият барои ташхису табобати беморон фароҳам оварда шудааст. 15 феврал Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода аз беморхонаи мазкур дидан намуда, бо роҳбарон ва кормандони он мулоқот намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  зимни мулоқот Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарон ва кормандони беморхонаи мазкур барои заҳматҳои шабонарӯзияшон дар давраи паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода  доир ба  масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии  шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Заҳмат ва талошҳои табибони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 дар мамлакат назаррас мебошад. Аз ин рӯ 18 августи соли 2020  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ якчанд табибони беморхонаи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Февраль 16, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад