Як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Ҳисор бо тартиби хизмати ҳаррӯзаи афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ шинос шуданд

Февраль 18, 2021 12:42

ҲИСОР, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар доираи таҷлили 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор боздид ва шиносоии як гурӯҳ ҷавонону донишҷӯёни Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор бо шароит ва ҷараёни иҷрои хизмати сарбозон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҷавонон зимни боздид бо шароити хизмати сарбозон аз наздик шинос шуда, аз тартиби хизмати ҳарбии ҳаррӯзаи афсарону сарбозон огаҳӣ пайдо намуданд.

Иқдоми мазкур  бо  ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» Миҷгона Раҳимӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  сурат гирифт.

Зимни боздид аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани яроқи оташфишон намоиш дода шуд, ки ба ҷавонон писанд афтод.

Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидарӯҳии афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватан барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани шиносоии ҷавонон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозон, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва дар дили онҳо бедор намудани муҳаббату самимият ба Ватан – Модар аст. Зеро ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва неруи офаранда аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт нақши ҳалкунанда дошта, минбаъд низ тақдири халқу Ватан дар дасти онҳост.

Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан ва муҳофизати марзу буми он нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Артиш як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Ватани азизи худ мебошад.

Февраль 18, 2021 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон