ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. 16 сол пеш Протоколи Киото — нахустин созишномаи байналмилалӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим эътибор пайдо кард. Тоҷикистон соли 2008 онро имзо ва тасвиб кард

Февраль 16, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 сол пеш, 16 феврали соли 2005 Протоколи Киото — санади иловагӣ ба Конвенсияи чаҳорчӯбавии СММ оид ба тағйирёбии иқлим эътибор пайдо кард. Ин санад баъд аз як сол пас аз он ки онро кишварҳое, ки квотаи маҷмӯии партови газҳои «гармхона» -ии онҳо зиёда аз 55% аст (то ҳолати  соли 1990) тасвиб намуданд, эътибор пайдо кард. Кишварҳои Протоколро имзокарда дар бораи зарурати коҳиши партоби газҳои «гармхонаӣ», ки боиси гармшавии глобалӣ мешаванд, ба мувофиқа расиданд.

Протоколи Киото муоҳидаи байналмилалӣ мебошад, ки бо мақсади коҳиши партови газҳои гармхонаӣ ба фазои Замин барои муқовимат бо гармшавии глобалӣ баста шудааст. Он кишварҳо — иштирокчиёнро ба коҳиши партовҳои гармхонаӣ, партовҳо дар асоси ризоияти умумии илмӣ дар бораи ин ки гармшавии глобалӣ сурат мегирад ва ба эҳтимоли калон ин ба  партовҳои антропогении CO2  вобаста аст, вазифадор мекунад.

Протоколи Киото 11 декабри соли 1997 дар Киото (Япония) қабул шуда буд ва 16 феврали соли 2005 эътибор пайдо кард. Дар айни замон зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ба Протокол пайвастаанд.

Бояд зикр кард, ки Нақшаи Миллии Чорабиниҳои (НМЧ) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нарм кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 тасдиқ шудааст, зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани қабули Протоколи Киоторо таъкид намудааст. Тоҷикистон пайваста дар самти таҳкими муносибатҳои шартномавӣ дар доираи СММ амал менамояд. Аз ин нуқтаи назар, тасвиби Протоколи Киото ҳамчун яке аз механизмҳои татбиқи Конвенсияи чаҳорчӯбавии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҳамчун қадами муҳим дар самти дастгирии фаъолияти СММ дар соҳаи мубориза бо тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад. Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлими Агентии гидрометеорология асноди заруриро ҷиҳати тасвиби Протоколи Киото таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буд. Барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ семинарҳо ва тренингҳо бахшида ба Протоколи Киото баргузор шуданд ва инчунин роҳнамои профессор А.Қаюмов «Протоколи Киото ба Конвенсияи чаҳорчӯбавии СММ оид ба тағйирёбии иқлим: воқеият ва дурнамо барои Тоҷикистон» нашр ва дар байни ашхоси алоқаманд паҳн карда шуд.

Соли 2008 Тоҷикистон Протоколи Киоторо имзо ва тасвиб кард.

Сарфи назар аз он, ки тибқи маълумоти Агентии байналмилалӣ оид ба энергетика, дар соли 2010 Тоҷикистон аз ҷиҳати партови гази карбон (CO2) дар ҷои 135-ум қарор дошт, ба ҳар ҳол дар раванди рушди иқтисодиёти худ, аз ҷумла дар масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, ба мушкилоти партовҳои газҳои гармхонаӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.

Зимни суханронӣ дар 21-умин Конфронси иштирокчиёни Конвенсияи чаҳорчӯбавии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP21), ки аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2015 дар толори байналмилалии ҳавопаймоӣ ва кайҳонии Париж-Ле Бурже (Франсия) баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Сарфи назар аз он ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гармхонаӣ ба фазо ночиз аст, навобаста аз ин он яке аз кишварҳои осебпазир дар раванди тағйирёбии иқлим мебошад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон бо оқибатҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим дучор шудаанд. Кишвари мо, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар айни ҳол 60 дарсади захираҳои оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд».

Обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Зикр намудани ҳамин кофист, ки аз 14000 пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пиряхҳои хурд  нобуд шуданд.

«Раванди обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи об гардид. Ин падида ҳар сол сабаби хароб шудани иншооти иқтисодӣ ва зарари зиёди молиявӣ ба аҳолии кишвар мегардад», — иброз намуданд Сарвари Тоҷикистон.

Ба фикри Сарвари давлат, дар ин раванд ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба рушди шабакаҳои миллии ҳисобкунии партови газҳои гармхонаӣ, беҳтар намудани таҳқиқоти иқлимӣ, ҷорӣ намудани навовариҳои «сабз» ва омода намудани захираҳои инсонӣ нақши муҳим доранд.

                                                   АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»