ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. 169 сол қабл Эрмитаж кушода шуда буд. АМИТ «Ховар» сарсухани директори яке аз музейҳои бузурги ҷаҳон, академик Пиотровскийро ба намоишгоҳи «Осори бостонии Тоҷикистон» пешниҳод мекунад

Февраль 17, 2021 13:36

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Расо 169 сол пеш, 17 феврали соли 1852, маросими ифтитоҳи Эрмитажи Нав, яке аз панҷ бинои бо ҳам пайваста дар Қасри соҳилии Санкт-Петербург, ки онҳо аз рӯи лоиҳаи меъмори бавариягӣ Лео фон Клентсе бунёд шудаанд,  баргузор гардид. Ба ин муносибат дар театри Эрмитаж спектакл намоиш дода шуд ва баъдан барои 600 нафар зиёфати бошукӯҳ ороста шуд.

Ҳамон замон барои тамошобинон тамоми осорхона низ кушода шуд. То он вақт он дорои бойтарин маҷмӯаҳо аз ёдгориҳои қадимаи шарқӣ, Мисри қадим, фарҳангҳои атиқа ва асрҳои миёна, санъати Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва бадеии Осиё, фарҳанги русии асрҳои VIII-XIX буд.

Осорхона, ки як ҷои тамошобоби асосии пойтахти шимолии Россия аст, дорои ашёи бебаҳое мебошад, ки таърих ва фарҳанги халқи тоҷикро инъикос мекунанд. Танҳо дар бораи Тоҷикистон чандин толорҳо мавҷуданд, ки дар онҳо бозёфтҳои археологии Тоҷикистони пеш аз исломиро дидан мумкин аст: нақшу нигораҳои қасрҳо ва толорҳои меҳмонхонаҳои сокинони сарватманди Панҷакенти бостонӣ, бозёфтҳо аз Қалъаи Қаҳқаҳа, аз кӯшке дар кӯҳи Муғ ва як ибодатхонаи бутпарастӣ дар Аҷинатеппа.

Соли 1985 дар Эрмитаж намоишгоҳи «Осори бостонии Тоҷикистон» ташкил шуда буд. Дар зер сарсухани директори музей, академик Борис Пиотровскийро ба ин намоишгоҳ пешниҳод мекунем.

Сарсухани
Директори Эрмитажи давлатӣ Б.Б. Пиотровский

Академик Б.Пиотровский

То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Эрмитаж ғолибан осорхонаи санъати Аврупои Ғарбӣ буд.

Дар соли 1920, ҳанӯз то баргардонидани коллексияҳои аз Москва эвакуатсияшуда дар Эрмитаж шуъбаи Шарқ (он замон — шуъбаи Эрон ва Осиёи Миёна) ифтитоҳ шуда буд. Сардори он И.А. Орбели, ки пештар ба ҳайси котиби илмии ҳайти мушовара оид ба осорхонаҳо кор мекард, таъйин шуда буд. Таъсиси Шуъбаи Шарқ дар Эрмитаж эътирофи саҳми бузурги халқҳои Шарқ дар фарҳанги ҷаҳонӣ буд.

Аз баракати фаъолияти пурҷӯши И.А. Орбели, ки омӯзиши фарҳанги кишварҳои Шарқ ва намоиши ёдгориҳои Шарқи Шӯравӣ ва хориҷӣ дар фаъолияти Эрмитаж ҷойгоҳи муҳим ишғол мекард, ба яке аз марказҳои асосӣ ва комилҳуқуқи шарқшиносии шӯравӣ табдил ёфт ва бо Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкории наздик дошт.

Соли 1935 дар Эрмитаж Конгресси III байналмилалии санъат ва бостоншиносии Эрон, ки аввалин конгресси байналмилалӣ дар мамлакати мо буд, баргузор гардид.

Бо муассисаҳои илмии Осиёи Миёна робитаи наздик барқарор карда шуд, корҳои археологии муштарак сурат мегирифтанд, бисёр бостоншиносони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар аспирантураи Эрмитаж таҳсил мекарданд.

Ифтитоҳи намоишгоҳи «Осори бостонии Тоҷикистон» дар Эрмитаж идомаи ин анъана, намоиши корҳои муштарак мебошад, ки натиҷаҳои тааҷҷубовар доданд ва саҳифаҳои қаблан норавшани рушди фарҳангро дар қаламрави Тоҷикистон боз намуд.

50 сол пеш, дар кӯшки Қалъаи Муғ, дар болооби Зарафшон, аввалин бозёфти осори бостонии суғдиён, ашёи бадеӣ ва маишӣ ва ёдгориҳои хаттӣ ёфт шуданд, ки олимони ҷаҳонро ба ҳайрат оварда буд.

Дар охири солҳои 30-юм ҳамкории пурсамари илмии Эрмитаж бо олимон ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон оғоз ёфт. Соли 1939 ба водии Зарафшон экспедитсия таҳти роҳбарии А.Ю. Якубовский, узви вобастаи АИ ИҶШС фиристода шуд ва кори мунтазами муштарак оғоз ёфт, ки дар ҷараёни он кадрҳои илмии бостоншиноси тоҷик тарбия ёфтанд ва ҳоло онҳо мустақилона корҳоро пеш мебаранд.

Соли 1946 А.Ю. Якубовский шаҳраки қадимаи асримиёнагии Панҷакент — харобаҳои шаҳри аҷиби суғдиро кашф кард, ки деворҳои биноҳояш бо расмҳо ва нигораҳои рангин ва аҷиби гуногун зиннат ёфта буданд, ки дар хусуси мавҷудияти онҳо касе тасаввурот надошт.

Ҳафриёт дар деворҳои маъбадҳо ва қасрҳо, дар толорҳои маросимии хонаҳои хусусӣ на танҳо расмҳои хусусияти парастишӣ бо тасвири худоёни пантеони қадимаи суғдӣ, балки инчунин саҳнаҳои эпоси суғдиро, ки пур аз саҳнаҳои ҷангҳои афсонавии қаҳрамон бо душманон ва махлуқот, инчунин тасвирҳо барои масалҳо мебошанд, ошкор намуданд.

Эҳёгарони Эрмитаж бо роҳбарии П.И. Кострова ва Е.Г. Шейнина ин расмҳои олиҷанобро ҳифз намуданд, онҳо инчунин аракаҳои гилӣ, муҷассамаҳои сӯхта ва ҷузъиёти ороиши бадеии қадимиро ҳифз намуданд ва ба мо манзараи беназири санъати баланди қадимаи суғдиёнро пешкаш намуданд.

Пас аз А.Ю. Якубовский ҳафриётро дар Панҷакент М.М. Дяконов идома дод, муддати тӯлонӣ ин корҳоро А.М. Беленитский роҳбарӣ мекард ва ҳоло экспедитсия бо роҳбарии B.И. Маршак фаъолият мекунад. Бостоншиносони тоҷик H.H. Негматов ва А.М. Мухторов, ҳоло узви вобастаи Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон дар ин корҳо саҳми фаъол доштанд.

Дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон Нӯъмон Негматов муваффақона корҳои ҳафриётиро идома медиҳад, дар он ҷо ёдгориҳои замонҳои гуногун аз асри санг ва биринҷ то охири асрҳои миёнаи қадим кашф шудаанд. Бозёфтҳои экспедитсияи Тоҷикистони Шимолӣ дар пойтахти Уструшан — шаҳри Бунҷикат ва қалъаҳои атрофи он қобили таваҷҷуҳи хос мебошанд.

Ёдгориҳои фарҳангии ҷануби Тоҷикистон олами комилан дигарро боз мекунанд, ки дар он ҷо М.М. Дяконов зиёда аз сӣ сол қабл дар он замон кашфиёти аҷибе карда буд — бори аввал дар Тоҷикистон қароргоҳи  замони  Ҳахоманишиҳо, осори шоҳигариҳои Юнону Бохтар ва Кӯшониён ёфт шуданд. Дар чоряки охири аср кор дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии узви ҳақиқии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Б.А. Литвинский сурат мегирифт: қабрҳои сакҳои миёнаҳои ҳазораи 1 то милод таҳқиқ карда шуданд, ибодатгоҳи бутпарастони Аҷинатеппа аз асрҳои VII-VIII комилан ҳафр шуд, боқимондаҳои қасрҳои давраи Ғазнавиён дар Хуттал ва бисёр ёдгориҳои дигари чануби ҷумҳурӣ омухта шуданд. Хусусан кашфиёти солҳои охир дар ҷануби Тоҷикистон, дар нуқтаи омезиши дарёҳои Вахш ва Панҷ, дар маъбади қадимӣ, ки дар он ашёи бадеии аз металл ва устухон сохта шуда, аслиҳа, муҷассамаҳои гилию гаҷӣ ва тангаҳои зиёд ёфт шуданд, қобили таваҷҷуҳ аст. Ин ёдгорӣ дар масофаи начандон дуртар аз он ҷое, ки Ганҷинаи машҳури Амударё ёфт шуда буд ва ҳоло дар осорхонаи Бритониё мебошад, воқеъ аст. Соли 1979 дар Эрмитаж намоишгоҳи ашёи ин ганҷ муштаракан бо осорхонаи Бритониё ташкил карда шуд. Ба муносибати ин намоишгоҳ рӯйхат (каталог) бо пешгуфтори Е.В. Зеймал таҳия шуда буд, ки дорои аҳамияти калони илмӣ мебошад. Инчунин ӯ дар заминаи кори дарозмуддат як асари бузургро бо номи «Тангаҳои қадимаи Тоҷикистон» нашр намуд. Кормандони Эрмитаж дар омӯзиши фарҳанги қадимаи Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд, ки дар байни онҳо чунин бостоншиносони ботаҷриба, ба монанди Т.И. Зеймал, Е.В. Зеймал ва Б.И. Маршак ҳузур доранд. Дар ин робита, бояд кори мудири шуъбаи Шарқ В.Г. Луконинаро, ки на танҳо роҳбари кулли экспедитсияҳои археологии Эрмитаж дар Осиёи Марказӣ буд, балки ташкилотчии фаъоли робитаҳои байналмилалии Эрмитаж, аз ҷумла ташкили намоишгоҳи ганҷинаи Амударё аз осорхонаи Британия буд, зикр бояд кард.

Асри санги Тоҷикистонро кайҳо ва хеле муваффақона В.А. Ранов меомӯзад.

Ин намоишгоҳ дар бораи пайдоиши фарҳанг ва санъати қадимаи халқи тоҷик ва гузаштагони он тасаввурот медиҳад. Он дастовардҳои бузурги бостоншиносиро дар Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ, дар тӯли зиндагии танҳо ду насл инъикос мекунад.

Эрмитаж итминон дорад, ки фаъолияти муштараки он бо бостоншиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон ба мисли солҳои гузашта пурсамар хоҳад буд.

Директори Эрмитажи давлатӣ
академик Б.Б. Пиотровский
соли 1985

Февраль 17, 2021 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад