МУШКИЛИ НАРАСИДАНИ БОҒЧАҲОИ КӮДАКОН ДАР НОРАК. Ва ё чаро 5 муассисаи томактабии аз замони Шӯравӣ боқимондаи шаҳр то ҳол барқарор намешаванд?

Февраль 10, 2021 17:01

НОРАК, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд зимни нишасти матбуотӣ аз роҳбарони шаҳри Норак  сабаби барқарор нагардидани 5 адад муассисаҳои томактабии аз замони Шӯравӣ боқимондаи  ҳудуди шаҳри Норакро пурсон шуд.  Масъулин дар посух гуфтанд, ки «бо кумаки соҳибкорон ду кӯдакистонро барқарор менамоем».

Бояд гуфт, ки ҳоло сокинони шаҳри Норак барои босаводу маърифатнок гардидан ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳувияти миллӣ тарбия ёфтани фарзандони хурдсолашон кӯшиш доранд онҳоро дар кӯдакистонҳои шаҳр ҷойгир кунанд. Бо ин мақсад 530 нафар дар 4 кӯдакистони шуъбаи маорифи шаҳр кӯдаконашонро барои қабул  дар навбат мондаанд.

Сокини шаҳри Норак Ороста Мусулмонова мегӯяд, ки “ман панҷ фарзанд дорам. Аз сабаби мушкилиҳои зиндагӣ бояд фарзанди хурдиямро ба кӯдакистон диҳаму худам кор карда, зиндагии фарзандонамро пеш барам. Мутаассифона, аз сабаби набудани ҷой дар муассисаҳои томактабӣ фарзанди ман дар навбат истодааст. Ба ман ваъда кардаанд, ки дар сурати пайдо гардидани ҷойи холӣ кӯдаки маро қабул менамоянд. Хуб мешуд, масъулини шаҳри Норак ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сафи кӯдакистонҳоро дар шаҳр зиёд намоянду ҳамаи кӯдакони шаҳри мо аз ин муассисаҳо бархурдор шаванд”.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Норак, айни замон дар тавозуни шуъбаи маорифи шаҳр 9 адад муассисаҳои томактабӣ мавҷуданд, ки 4 адади он бо фарогирии 629 нафар кӯдакони аз якунимсола то 6-сола  фаъолият доранд. 5 кӯдакистони дигар аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ки 2 адади  он садамавӣ буда, аз сабаби корношояму бетаъмир будан фаъолият намекунанд. Дар сурати барқарор намудани 5 кӯдакистони дигар зиёда аз 700 нафар кӯдакони шаҳр ба онҳо ҷалб гардида,  ин мушкилии соҳаи маорифи шаҳр бартараф мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон аз 26 январи соли равон таъкид намуданд, ки “яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад. Аз ин рӯ, ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд”.

Волидайни 530 нафар кӯдак барои сари вақт ҷойгир намудани фарзандонашон дар муассисаҳои томактабӣ ҳамеша бо кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Норак мунозира менамоянд.

Мутахассисони шуъбаи маорифи шаҳри Норак ҳамасола барои барқарор намудани ин 5 кӯдакистони бекорхобида ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону созмонҳои хориҷӣ дархост манзур менамоянд, вале то имрӯз ин масъалаи муҳим  аз тарафи масъулини ниҳодҳои марбутаи шаҳри Норак ҳалли пурраи худро наёфта, чун мушкилӣ боқӣ мондааст.

Февраль 10, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад