21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 18.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз шуда, то 31 март идома меёбад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода иттилоъ дод.
Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин барои хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд.
Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Тибқи тартиби баргузории озмун, даври якуми он моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, марказҳои деҳот ва шаҳрак сурат мегирад. Аз ин рӯ хонандагоне, ки дар озмуни мазкур иштирок карданиянд, бояд дар давраи таътил ба он омодагӣ бинанд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.
Таътил барои хонандагон бо мақсади истироҳат муқаррар шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки хонандагон ин давраро фақат бо тамошои телевизор ва бозӣ кардан дар кӯча гузаронанд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, барои сайқал додани дониши хонандагон дар Муассисаи давлати «Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе» ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии пойтахт маҳфилҳои забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, варзишӣ ва ғайра амал мекунанд. Аз ин рӯ волидайн метавонанд фарзандони худро ба таври ройгон ба ин маҳфилҳо ҷалб намоянд.
Ба андешаи масъулини соҳаи маориф, дар ин давра падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.
Хуб мешуд, агар хонандагон дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






