Изҳороти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назди намояндагони ВАО аз натиҷаи Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул»
ш. Душанбе, 30.03.2021
Муҳтарам ҷаноби Вазир,
Ҳамкасбони гиромӣ,
Намояндагони васоити ахбори омма,
30 марти соли 2021 дар Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» бо иштироки кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳти унвони “Таҳкими иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.
Мо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро бо таъкид ба дурнамои ҳалли мусолиматомези Афғонистон, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир баррасӣ кардем.
Мо ба пешбурди муколамаи байниафғонӣ, ки 12 сентябри соли 2020 дар Давҳа оғоз ёфт, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем.
Дар музокирот инчунин масъалаҳои амалии густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мубодилаи илму маориф ва лоиҳаҳои башардӯстона бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мо изҳор доштем, ки Афғонистон шарики муҳимми минтақаи мо аст.
Дар асоси анъанаҳои дӯстонаи таърихӣ кишварҳои минтақа ҷонибдори рушди муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо Афғонистон мебошанд.
Мо нигаронии худро аз афзоиши ташаннуҷи вазъи амниятӣ, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир дар Афғонистон, ба хусус дар минтақаҳои ҳаммарз бо кишварамон изҳор доштем.
Мо тасмим дорем, ки ҳамкориҳои созандаро бо Афғонистон ба манфиати истиқрори сулҳ дар ин кишвар, мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, пеш аз ҳама терроризм ва ҷинояткории марбут ба маводди мухаддир идома диҳем.
Баррасии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, транзитӣ-нақлиётӣ, энергетика, логистика ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.
Равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа баррасӣ шуданд, аҳаммияти кӯшишҳои ҳамоҳангшуда дар иттиҳодияҳои умумии ҳамгироӣ таъкид шуд.
Мо самтҳои фаъолияти худро дар фароҳам овардани шароит барои мусолиҳаи миллии байниафғонӣ тасдиқ кардем. Мо ин талошҳоро дар тамос бо кишварҳои минтақа идома хоҳем дод.
Мо изҳори нигаронӣ кардем, ки сарфи назар аз оғози раванди гуфтушуниди байниафғонӣ, вазъ дар Афғонистон ноустувор ва ноором аст.
Афғонистон шарики муҳимми минтақавии мо мебошад, ки дар таърихи навини худ давраи душворро паси сар мекунад.
Тоҷикистон ба пешрафти раванди мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон ва хотима додан ба низои мусаллаҳонаи дарозмуддат дар ин кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Мо пайваста ҷонибдори ташаккули Афғонистон ба унвони як давлати босубот, мустақил ва холӣ аз терроризм ва маводди мухаддир ҳастем ва мехоҳем, ки он кишвар бо ҳамсоягонаш, кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон равобити хуб дошта бошад.
Дар Нуҳумин Конфронси Душанбе қарор қабул шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ расман ба узвияти “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ба сифати созмони мададрасони байналмилалӣ пазируфта шавад.
Дар рафти Конфронс мо санади ниҳоии он — Эъломияи Душанберо, ки самтҳои ҳамкориҳои муштараки моро ҷиҳати овардани сулҳ ба Афғонистон муайян мекунад, ҳамоҳанг ва қабул кардем.
Ташаккур.









Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд






