Ашхоси мусаллаҳи ношинос собиқ роҳбари вулусволии Чархи Лӯгарро дар Кобул террор карданд

Март 18, 2021 08:42

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ашхоси мусаллаҳи ношинос 16 март собиқ роҳбари вулусволии Чархи вилояти Лӯгар Вакил Оғоро дар ноҳияи 8-уми Кобули Афғонистон ба қатл расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии “Тулӯъ Нюс”.

Дар як рӯйдоди дигар, сардори шуъбаи шаҳрии амнияти Кобул Расул Хон дар минтақаи Теппаи Саломи ноҳияи сеюми Кобул ҳадафи ҳамлаи ашхоси мусаллаҳи ношинос қарор гирифт ва захмӣ шуд.

Дар ин робита як қатор шаҳрвандон мегӯянд, ки афзоиши кушторҳои ҳадафманд ва инчунин авҷи ҷинояткорӣ ононро нигарон сохтааст.

Амонуллоҳ, як сокини Кобул гуфтааст: «Аз давлат таваққуъ дорем, метавонад ё наметавонад, амниятро таъмин кунад. Чаро мардум ин қадар кушта мешаванд?»

Март 18, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид