«ҲАСТ ФАРЗАНДЕ МАРО ҲАМ ҚАҲРАМОН». Бозгӯи рӯзгори Розия Озод — модаре, ки аллома ва Қаҳрамони Тоҷикистонро ба дунё овардааст

Март 8, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 08.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми бузургони  ҷаҳонро модар ба дунё овардааст. Барҳақ Наполеон Бонапарт — Император ва сипаҳсолори бузурги фаронсавӣ гуфта буд: «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро  такон медиҳад».

Дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар аз рӯзгори модари бузурги тоҷик қисса мекунем, ки дар қарни XX писаре ба дунё овард, ки ин фарзанд бо навиштани китоби «Тоҷикон» миллати тоҷик ва таъриху тамаддуни бои халқамонро ба оламиён муаррифӣ намуд.  Ин модар шоира Розия Озод — модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома  Бобоҷон Ғафуров мебошад.

-Дар ташаккули шахсияти аллома ва Қаҳрамони Тоҷикистон  Бобоҷон Ғафуров, ки муаллифи китоби таърихии «Тоҷикон» мебошад, модари маърифатпарвараш Розия Озод нақши барҷаста гузоштааст,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 8 март ҷашн гирифта мешавад.

Модари академик Бобоҷон Ғафуров шоираи тоҷик Ғафурова Розия Бойматовна мебошад, ки бо тахаллуси Розия Озод шеър менавишт ва  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳам буд. Ин модари бузург бо хислатҳои неку ҳамидааш дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандонаш саҳми  бориз гузоштааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, агар саҳифаҳои зиндагиномаи ин  зани оқилаву маърифатпарварро варақ гардонем, шоҳиди он мегардем, ки ӯ дар солҳои вазнини асри 20 дар баробари  тарбияи фарзандон қалам ба даст гирифта, рӯйдодҳои замонашро ба риштаи назм кашидааст.  Розия Озод 17 январи соли 1893 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Падару модар зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббати беандозаи Розияи хурдакакро нисбат ба китоб эҳсос намуда, новобаста аз зиндагии тоқатфарсо ӯро ба мактаби кӯҳнаи духтарона месупоранд.

-Дар муддати кӯтоҳ Розияи ҷавон бо зеҳни тозаю фаҳмиши баланди худ аз дугонаҳояш пеш гузашта, бо рағбат ва муҳаббат ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик, хусусан ба хондани осори бою пурғановати шоирони адабиёти классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ,  Аттор, Фирдавсии Тӯсӣ, Саъдию Ҳофиз, Бедил, Мавлонои Балхӣ  пардохта, дар пайравии шоирони адабиёти классикии тоҷик шеърҳои аввалини худро менависад, мегӯяд профессор Ғаффорӣ. Хусусан Розия Озод гузаштаҳои талх, азобу машаққати дар ҷавонию миёнаумрӣ кашидаашро бо ҳасрат ба қалам додааст.

«Шоира Розия Озод бо модаркалони падарам дугонаи наздик ҳам будаанд. Онҳо дӯсти қарину меҳрубон буда, ба хонаи ҳамдигар -аз Хистеварз ба Хуҷанд ва аз Хуҷанд ба Хистеварз ба меҳмонӣ омада, мерафтаанд»,- нақл менамояд таърихнигори тоҷик Нӯъмонҷон Ғаффорӣ.

Дар оғози садаи XX Розия Озод бо Мирғафур Сангинов оила барпо намуда, дар ҳамин оила  Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандон- Тоҷиниссо, Зебуниссо, Ҳомидҷону  Олимҷон ба дунё меоянд. Розия Озод, ки зани равшанзамир буд, тавонист фарзандонашро дар рӯҳияи  ватандӯстию меҳнатдӯстӣ парварда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ, хусусан инсондӯстию накӯкорӣ ҳидоят намояд. Розия Озод фарзандонашро дар оила  бо шеърҳои пандомезаш тарбия карда,  ба камол расонид ва ба роҳи дуруст ҳидоят намуд,- меафзояд муаррихи тоҷик. Ба фарзандонашон пайваста талқин мекард, ки «нонро бо меҳнати ҳалол пайдо намоянд ва аз илму дониш дур набошанд» ва онҳоро доимо ба омӯхтани илму дониш, накукорию хайрхоҳӣ ҳидоят мекард.

Шоира Розия Озод бевосита шоҳиди вазниниҳои  сахти давраҳои тоинқилобӣ буда,  мехост, ки фарзандонаш соҳиби илму дониш гарданд, ба халқу ватанашон хизмат кунанд, аз ин рӯ барои тарбияи фарзандонаш мунтазам кӯшиш намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва  меҳнатдӯстӣ тарбия мекард.

Таваллуд ва ба камол расидани алломаи замон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар хонаводаи Розия Озод бозгӯи тарбияи дуруст ва ҳидояти хуби модар буда, маҳз Бобоҷон Ғафуров дар партави тарбияи модар соҳибэҳтиром ва  шуҳратёр гардидааст,- таъкид намуд профессор Ғаффорӣ. Зеро Бобоҷон Ғафуров ҳангоме ки  дар вазифаҳои пурмасъули ҳизбӣ фаъолият мекард,  модар ҳамеша дар паҳлуяш буд, дасти дуо кушода, ба ӯ дуои нек медод, насиҳатҳо мекард ва дар маҷмӯъ таъсири худро барои шахсияти бузург шудани  фарзандаш мегузошт. Аз ин ҷост, ки аллома  Бобоҷон Ғафуров аз хурдӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва муҳаббат ба модару Ватан ба камол расид.

Тарбияи модар барои минбаъд мақоми баланд ёфтани Бобоҷон Ғафуров  дар ҷомеа хеле арзишманд буда, яке аз сарчашмаҳои шӯҳратёбии Бобоҷон Ғафуров модараш мебошад. Розия Озод модари серфарзанд буд. Падари Бобоҷон Ғафуров-  Мирғафур Сангинов барвақт, ҳанӯз соли 1935 аз олам мегузарад ва тамоми бори гарони зиндагӣ, хусусан тарбияи фарзандон ба дӯши Розия Озод меафтад. Маҳз бо шарофати ғамхорию меҳрубонии модар  на танҳо Бобоҷон, балки тамоми фарзандон ба роҳи дурусти  зиндагӣ ҳидоят шуда, ба камол расида, дар ҷомеа бо меҳнатдӯстиашон номбардори модар-ватан гардиданд. Навиштаҳои фарзандон, инчунин дигар адабиётшиносону муаррихон далели ин гуфтаҳост, ки Розия Озод воқеан як зани барнодил, хоксор, қавиирода, донишманд, маърифатпарвар ва дорои фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ будааст.

Профессори тоҷик мегӯяд, ки Розия Озод дар давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1940-1945) хома ба даст гирифта, шеър менависад ва камолоти шоира ба солҳои 40-уми асри XX рост меояд. Зеро Ҷанги Бузурги Ватанӣ  чун дигар ҷумҳуриҳои  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳар як хонаи тоҷик ҳам бадбахтӣ оварду аз ин ҷанги беамон дар дили аксари мардум доғ боқӣ монд. Шеърҳои дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод намудаи  шоира Розия Озод ба мардони бонангу номус, ки синаи худро сипар намуда, бар зидди  душманони разил меҷангиданд, бахшида шудаанд. Яке аз ин родмардон Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев мебошад.

Шоира дар шеърҳояш Ватан — модарро тараннум ва нисбат ба душманон нафрат баён мекард. Шоира бо ашъори ватандӯстонааш корнамоиҳои ҷанговарон ва фиристодагони Тоҷикистонро дар ҷанг ва ақибгоҳ, ки таҳти шиори «Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба» меҳнат мекарданд,  ситоиш намудааст. Шеърҳои Розия Озод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеан пуртаъсир буданд. Худи шоира аввалин зане буд миёни бонувони тоҷик, ки дар давраи мудҳиши ҷанг   қалам ба даст гирифта, шеър менавишт ва дар шеърнависӣ машҳур гардида буд. Розия Озод дар солҳои ҷанг қалам ба даст гирифта, муҳаббату садоқати худро нисбат ба хоки муқаддаси Ватан тавассути назм баён намуд. Чун дигар диловарони матинирода дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри рӯҳбаландии ҳомиёни Ватан ӯ шеър ва достонҳои ҷолиб офаридааст, ки дар нахустмаҷмӯаи ӯ «Муҳаббат ба Ватан» гирд омадаанд. Сипас бо хомаи ин бонуи қаламкаш, шоираи соҳиби табъи равон китобҳои «Гулистони ишқ», «Аз водии тилоӣ», «Иқбол», «Зинда бод сулҳ!», «Шеърҳои мунтахаб», «Дӯстони ман», «Мунтахабот», «Орзуи ман» ва «Хотира» пайи ҳам ба нашр мерасанд. Бархе китобҳояш, чун «Солнечный край», «Стихи», «Любовь к Родине» ба забони русӣ ба табъ расидаанд.

Намунае аз ашъори шоира Розия  Озод:

Боғча

Ҳастам ҳоло хурдакак,

Духтарчаи донояк,

Ман бар ҳама хурду калон

Албатта, мегӯям салом.

Аз хоб хезам ҳар пагоҳ,

Ман шуста дасту рӯйро,

Озодаяк гардам равон

Бар сӯи боғча дав-давон.

Мураббия- холаякам,

Гӯяд ба ман:- Лолаякам,

Ин шеъри навро ёд кун,

Дилҳои моро шод кун.

Бар мо бувад ӯ меҳрубон,

Чун модарону хоҳарон.

Хонад китоб аз баҳри мо,

Ҳам нағзакак афсонаҳо.

Хайр, модарҷон!

Хайр, модарҷон! Бирафтам ман ба ин ҷанги калон,

Ғам махӯр, ҳастанд бо ман сад ҳазорон дӯстон!

Мекунам ғайрат барои ҳифзи ин зебо-Ватан,

Мезанам шамшери тоҷикӣ ба фарқи душманон.

Борҳо зидди фашистон менамоям ҳарбу зарб,

Мекунам мағлуб онҳоро, ба ин навбат, аён

Бо тамоми зарбу қувват меравам, пеш аз ҳама,

Мекунам гитлерчиёнро маҳву беному нишон

Номи фотеҳ будан, охир, орзуи ман бувад,

Ин шавад бо ман муяссар, модари ҷонам, бидон:

Хоҳишам ин аст, ки бо ман намоӣ ифтихор,

То бигӯӣ: «Ҳаст фарзанде маро ҳам қаҳрамон».

Шеъри «Хайр, модарҷон» маҳсули эҷоди шоира Розия Озод буда, дар китоби «Хотира» ҷой дорад. Ин китоб ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, диловариву суботи ҷанговарон, нангу номуси ватандорӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба ватани маҳбубу хоки муқаддаси он бахшида шудааст.

Ҳаёт ва зиндагиномаи Розия Озод барои занону модарони қарни XХI тоҷик  намунаи барҷастаи ибрат ва барои миллатамон мояи ифтихору сарфарозист, зеро шоира дар шеъри «Хайр, модарҷон!»  барҳақ гуфтааст: «То бигӯӣ, ҳаст фарзанде маро ҳам қаҳрамон».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 8, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд