Аввалин бастаҳои беҳтарин ваксина дар ҷаҳон — AstraZeneca ба Тоҷикистон ворид карда шуд

Март 9, 2021 12:12

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан хабар додем, шоми дирӯз аввалин бастаҳои ваксина бар зидди коронавирус- AstraZeneca ба Тоҷикистон ворид карда шуд.

Аввалин бастаҳо иборат аз 192 000 воя ваксина буда, тавассути парвози махсуси «Сомон-Эйр» аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуданд.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зикр намуданд, ки бақияи ваксинаҳо ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Ваксинаи аврупоӣ бар зидди коронавирус дар чаҳорчӯби механизми COVAX дастрас гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар доираи механизми мазкур Тоҷикистон 732 ҳазор вояи ваксинаи истеҳсоли ширкати АstrаZeneca-ро дастрас мекунад ва дар марҳилаи аввал 20%-и аҳолӣ ба эмгузаронӣ фаро гирифта мешавад.

Дар марҳилаи аввал, пеш аз ҳама, бояд қишри осебпазири ҷомеа, ки ба он кормандони соҳаи тандурустӣ, пиронсолони аз 70-сола боло, онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ азият мекашанд ва хизматчиёни ҳарбӣ фаро гирифта шаванд.

Дар марҳилаи дуввум дар Тоҷикистон ба нафарони  аз 60-сола боло ва сипас аз 50-сола боло ваксина гузаронида мешавад, ки ин беш аз 1 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Нафарони то синни 18-сола ба ин рӯйхат алҳол шомил намешаванд.

42,5% қисми боқимондаи аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки аз сарчашмаҳои гуногун ба кишвар ворид карда мешаванд — онҳо метавонанд истеҳсоли Чин ё Россия бошанд, ваксина карда мешаванд.

Ҳамин тавр, аллакай дар марҳилаи сеюм 3,9 миллион нафар ваксина карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, бояд ба 5,8 миллион нафар сокинони Тоҷикистон ваксина бар зидди коронавирус гузаронида шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муваззаф шудааст, ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус  чорабиниҳои омодагӣ ба роҳ монда, банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Бояд зикр кард, ки ваксинаи ширкати британиягию шведии AstraZeneca миёни доруҳо аз рӯи шумораи тасдиқ барои истифода аз ҷониби танзимкунандагон дар ҷаҳон ҷои аввалро гирифтааст. Ҳоло он дар 61 давлати ҷаҳон истифода мешавад. Ваксинаи русии “Sputnik V” дар ҷои дуюм ва ваксинае, ки ширкати амрикоии Pfizer истеҳсол кардааст, дар ҷои сеюм қарор гирифтаанд.

ДАР АКСҲО: бастаи аввалини ваксинаҳоро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода қабул намуданд. Аксҳо аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Март 9, 2021 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш