Ба Донишгоҳи давлатии Бохтар китоби дарсии «Муомилоти пулӣ ва қарз» тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» китоби дарсии Шариф Раҳимзода бо номи «Муомилоти пулӣ ва қарз» ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тақдим карда шуд.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар китоби дарсӣ ташкили дурусти муомилоти пулӣ, муносибатҳои қарзию бонкдорӣ яке аз шартҳои асосии пешбурди иқтисодиёти бозорӣ буда, донистани масъалаҳои марбут ба пулу қарз, тартиби ташкили гардиши самараноки онҳо, шаклҳои муфиди ҳисоббаробаркунӣ ва масъалаҳои дигари ба онҳо вобаста гарави самаранокии фаъолияти бонки марказӣ, бонкҳои тиҷоратию сохторҳои дигари иқтисодӣ мебошанд.
Муаллиф бештар ба тартиби ҳозиразамону пешрафтаи бонкдории ҷаҳонӣ, хусусан аврупоӣ, ки асоси ташкили бонкдорӣ дар кишвари мо мебошад, такя кардааст.
Китоби дарсии мазкур аз ҷониби Шӯрои илмию методии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, муаллимону аспирантон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ тавсия шудааст.
Ҳамчунин китоби Қ. Хушвахтзода «Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона», ки ба муносибати ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, ҳамчун туҳфа ба китобхонаи донишгоҳ супорида шуд.
Китоби «Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона» мутобиқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» тайёр карда шудааст. Дар фасли якуми китоби дарсӣ асосҳои назариявии таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ ҳамчун низоми омӯзиши предмет, вазифа, метод, методика ва таҳлили микроиқтисодиёти корхонаҳо омӯхта шудааст. Фасли дуюми китоби дарсӣ ба методологияи таҳлили иқтисодии комплексии фаъолияти хоҷагидорӣ бахшида шудааст.
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






