Ба муносибати ҷашни Наврӯз мулоқоти маҷозии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Британияи Кабир баргузор гардид

Март 24, 2021 09:38

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 март ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мулоқоти маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон баргузор гардид. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои мазкур дар Лондон ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода роҷеъ ба таҷлили бошукӯҳи иди Наврӯз дар Тоҷикистон ва аҳаммияти байналмилалии ин мероси куҳан суханронӣ намуд.

Зимни нишаст навор дар бораи ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Март 24, 2021 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад