Бадахшон: Дар РВКД бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд

Март 23, 2021 09:42

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Иди байналмилалии Наврӯзро кормандони РВКД ва ҷузъу томҳои он дар вилоят бо урфу одатҳои неки Наврӯзӣ ва фарҳангу тамаддуни хоси ин минтақаи мамлакат бо омодагиҳои ҳаматарафа пешвоз гирифтанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бонувони мақомоти корҳои дохилӣ бо рӯҳияи баланд ва ифтихори беандоза дар ҷашнгоҳ ҷамъ омада, барои ба ҷо овардани суннатҳои неки Наврӯзӣ-ба намоиш гузоштани расму оинҳои неки ин иди ҷаҳонӣ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро ба тамошо гузоштанд. Аз ин рӯ, дар наврӯзгоҳи Раёсат беҳтарин кулчақанду маҳсулоти нонӣ, сабзавоту гулҳои хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти аз муинаи ҳайвонот тайёршуда, ба намоиш гузошта шуд.

Зикр гардид, ки эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои хоси Наврузӣ аз ҷаҳонӣ шудани ин иди зебои баҳор дарак медиҳад, зеро Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ва тамоми меросбарони он ҳамчун ҷашни аҷдодӣ нақши барҷаста дошта он як падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодонамон дониста шуда, дар масири таърих тамоми табақахои ҷомеаро ба созандагиву офарандагӣ, эҷод ва бунёди таърихи нави зиндагӣ ва ташаббусу икдомҳои тоза раҳнамун месозад. Ин аст, ки дар намоишгоҳ қадимтарин ёдгориҳои таърихӣ, асбобҳои мусиқӣ ва намунаҳои гуногуни гулдузӣ, мӯҳрабофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби занону модарон бо усули миллию аврупоӣ омода шудаанд, ба як гӯшаи наврузгох шаҳомати дигар бахшид. Аҷдодони соҳибфарҳанги мо дар таърих Наврӯзро ҳамчун суннати муқаддасу таърихӣ арзёбӣ намуда, он расму оинҳои неки Наврӯзиро аз насл ба насл ҳамчун меъроси фарҳангии мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ёдгор гузоштанд.

Ҳоло тамоми расму ойинҳои зиндагисози ин ҷашни мардумӣ ҳифз гардида, мардумони сайёра ва миллатҳои гуногун онро бо диди худ таҷлил менамоянд.

Ҳамзамон дар идома гуфта шуд, ки баъди эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷавондухтарону занони ҳунарофари мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари пеш бурдани фаъолияти кории хизматӣ, ҳамзамон ба эҳёи қадимтарин ҳунарҳои дастӣ мароқ зоҳир намуда, онро ҳамчун армуғони идона пешкаши тамошобинони базмгоҳ гардониданд.

Ҷиҳати рангину ҷолиб ва тамошобоб гардондани намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои хоси Наврӯзӣ ҳар як шуъбаи корҳои дохилии шаҳру навоҳии вилоят дастархони худро ба тамошо гузоштанд, ки ба ҷамъомади кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят таровати дигар бахшид. Ҳамзамон дастурхони наврузӣ, ки бо анвои хӯришои баҳорӣ оро ёфта буд, аз серу пур будани миллати тоҷик гувоҳӣ медод. Бар замми ин барои фаровонии ин Наврӯз ва солиёни дигар таомҳои хоси дигар минтақаҳои мамлакат, ки дар рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз истеъмол мегарданд, омода гардиданд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои хоси Наврӯзӣ дидан намуда, зимни шиносоӣ аз ҳунари волои бонувони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳбарияти Раёстаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани намоишгоҳи идона ва чорабинии Наврӯзӣ арзи сипос ва минатдории самимии МИҲД-ро арза намуд.

Дар ин рӯз инчунин аз тарафи ҷавонпаҳлавонони мақомоти корҳои дохилии шаҳру навоҳии вилоят, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд, ки дар чорабинӣ ҳар як корманди мақомот аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд.

Аз миёни иштирокдорони бозиҳои варзишӣ  низ ҷойи якум насиби ШВКД дар шаҳри Хоруғ, даст аи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм насиби дастаи таъиноти махсуси милитсияи ротаи воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ дар ВМКБ гардонида шуд.

Дар мусобиқаи варзишии гирбардорӣ низ кормандони қисми ҳарбӣ дар вилоят сазовори ҷойи аввал, РВКД дар вилоят бо ҷойи дуюм ва дастаи таъиноти махсуси милитсияи ротаи воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ дар ВМКБ мауоми сеюмро ишғол намуданд.

Голибони мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷониби раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва роҳбарияти РВКД дар ВМКБ Рустам Мирзомурозода бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз номи роҳбарияти ВКД ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Барои оростани беҳтарин дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин зеб додани суфраи наврӯзӣ ғолибон муайян гардида, ҷойи аввал насиби ноҳияи Мурғоб, ҷойии дуюм ба ноҳияи Дарвоз ва ҷойи сеюмро кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи Рушон соҳиб гардиданд.

Баҳри боз ҳам рангину зебо намудани чорабинии ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам бо ҷалби кормандони аҳли фарҳанги шаҳру навоҳии ВМКБ, ҷавонони фаъоли ВМКБ, барномаи фарҳангӣ иборат аз таронаҳои васфи ин иди баҳорӣ ва рақсу сурудҳои ҷолиб манзури тамошобинон гардонида шуда, бо шукӯҳу шаҳомати хоса анҷом ёфт.

 

Март 23, 2021 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард