Бар асари ҳамлаи ҷангҷӯён ба автобуси кормандони Вазорати алоқаи Афғонистон чор нафар ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/ Дар асари таркише, ки бомдоди рӯзи панҷшанбе 18 март бар як автобуси кормандони Вазорати алоқаи Афғонистон дар ҷодаи Сари кӯтали Хайрхонаи Кобул рух дод, ҳадди аққал 4 тан ҷон бохтанд ва 14 нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии “Тулӯъ Нюс”.
Полиси Кобул вазъи се тан осебдидагонро вазнин гузориш додааст ва қайд кардааст, ки ҳамаи қурбониён ва маҷрӯҳон ғайринизомиён мебошанд.
Бар асари таркиш ба ду мошини шахсӣ, мактаб, масҷид ва клиника зарар расидааст.
Масъулони Вазорати алоқа гуфтаанд, ки се корманди ин вазорат ва “Афғонистон телеком” дар ин таркиш кушта шуданд, аммо дар бораи захмиён маълумот надоданд.
Ин дуввумин таркиш дар ҳафтаи равон аст, ки автомашинаҳои ҳукуматӣ ҳадафи ҳамлаи ҷангҷӯён қарор мегиранд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






