Бо дастгирии Пешвои миллат занон — бонувон дар рушди бонкдории Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд

Март 6, 2021 12:20

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон аз теъдоди умумии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 247 нафар ё 31 фоизро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 36 нафар ё 24 фоиз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор карда, 6 нафар соҳиби дараҷаи илмӣ — номзади илм ва 1 нафар доктори илм (PhD) мебошанд. Чунин зикр шуд дар маҷлиси тантанавие, ки ба ифтихори Рӯзи Модар дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода бонувони корманди бонкро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик намуда, ба онҳо саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат орзу намуд. Зикр гардид, ки зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, нахустин мураббию муаллими фарзанд, азизтарин шахсияти рӯи замин буда, сазовори ихлосу эҳтиром ва муҳаббату ғамхории доимӣ мебошад. Худованд ба модар қудрате ато фармудааст, ки офарандаи зиндагӣ, меҳру муҳаббат, нуру зиё ва чароғи мунаввари ҳар хонадон бошад. Маҳз мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ  нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки дар ҳама давру замон модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон  дӯст доранд ва азиз шуморанд», — иброз дошт Ҳоким Холиқзода.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат намуд. Ҳамчунин мояи фараҳмандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ нисбат ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамеша ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва дастгирӣ мекунанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода тазаккур дод, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон-модарон фаъолият надошта бошанд. Ҳоло, хушбахтона, занону модарони мо дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳо пурсамар фаъолият доранд ва боварӣ дорем, ки минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо азму иродаи қавӣ ва камоли кордонию ҳисси масъулият дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Март 6, 2021 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст