Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр зимни вохӯрии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғазӣ Шбайкат масъалаҳои таҳкими иқтидори институтсионалӣ, автоматикунонии равандҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба истифодаи технологияҳои муосир, такмили усулҳои ҳисобкунӣ, беҳтар намудани паҳн ва дастрасии маълумоти оморӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки идомаи омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории самаранок, густариши дастгирии техникӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди минбаъдаи низоми миллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд






