Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд

Сентябрь 15, 2026 10:49

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба харитаи роҳи стратегии сармоягузории бисёрсола Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳум 14 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир дар ҳошияи Конфронси байналмилалии J.P. Morgan зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо  имзо гардид.

Ёддошти тафоҳум ҳамкориро барои давраи солҳои 2026–2030 муайян намуда, рушди устувории соҳаҳои энергетика, аз ҷумла энергияи барқароршаванда ва кам намудани талафоти неруи барқ, обёрӣ, беҳтар намудани идоракунии иқтисодӣ ва таъмини самаранокии корхонаҳои давлатӣ, ҷалби сармояи хусусӣ, беҳтар намудани пайвастагии нақлиётӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонӣ ва тақвияти иқтидори омодасозии лоиҳаҳоро фаро мегирад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои пешниҳодшуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 15, 2026 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад